ШИРКАТҲОИ ЧИНӢ ДАР СОХТМОНИ НЕРӮГОҲҲОИ БАРҚИИ ТОҶИК

Сентябрь 8, 2009 09:38

                 Душанбе, 8 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Аз 1 то 5 сентябри соли равон дар маркази маъмурии Ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин — шаҳри Урумчи Ярмаркаи 18 – уми байналмилалии тиҷорати хориҷӣ баргузор гардид. Дар он аз 10 мамлакати минтақа бештар аз 500 соҳибкору тоҷир иштирок намуд. Ба туфайли ярмаркаи мазкур муносибатҳои тиҷоратии Чин бо мамлакатҳои Осиёи марказию ғарбӣ ва ҷанубӣ равнақу ривоҷ меёбад.               Дар ярмаркаи мазкур ҳайати Тоҷикистон низ ширкат варзид.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки намояндагони Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои калони саноатии Чин мулоқоту гуфтушунидҳо анҷом доданд. Аз ҷумла, зимни гуфтушунид бо намояндагони ширкати энергетики Чин – «Хуанен» дар бораи имрӯзу оянда ва нақшаҳои пешрафти соҳаи гидроэнергетика дар Тоҷикистон маълумот дода шуд. Раиси ширкат Ли Хинмин ва муовинонаш изҳор намуданд, ки тайёранд, барои сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги барқи обии Тоҷикистон маблағ гузоранд. Намояндагони Тоҷикистон роҳбари ширкатро даъват карданд, ки ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо барномаҳои иқтисодии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва дастовардҳои мамлакат дар соҳаи гидроэнергетика бевосита шинос гардад.                 Ширкати «Хуанен» ширкати калонтарини энергетикии Чин буда, дар сохтмони иншооти калони гидроэнергетикӣ ва марказҳои ҳароратию қувваи барқ таҷрибаи калон дорад. Айни ҳол дар ширкати мазкур бештар аз 114 ҳазор мутахассис кор мекунад.                Намояндагони ширкати «Годян» — и Чин низ ба соҳаи гидроэнергетикии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуданд. Онҳо низ изҳор карданд, ки дар сохтмони нерӯгоҳҳои барқии Тоҷикистон саҳм гузошта метавонанд.

Сентябрь 8, 2009 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд