ШИРКАТИ «СОБИР ИНТЕРНЕЙШЛ» БОЗ БА НАҚБИ «ИСТИҚЛОЛ» МЕОЯД

Сентябрь 23, 2009 09:03

                 Душанбе, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Баъди расман ба истифода додани нақби «Истиқлол» қисме аз корҳо нотамом боқӣ монд. Ба иттилои сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Али Асғари Шеърдӯст, тарафҳо ҳангоми ба расмият дарории ҳуҷҷатҳои дар сатҳи олӣ ба имзорасида, оқибати баъзе ҷузъиёти корҳоро, ки метавонист боиси норасоиҳо гардад, сарфи назар кардаанд.                  Мутахассисони эронӣ баъди супоридани нақби мазкур Тоҷикистонро тарк намуданд ва чанд нафаре, ки корҳои ба зимма доштаашонро анҷом надодаанд баробари ба охир расонидани корҳо озими Эрон хоҳанд шуд.                  Ҷумҳурии Исломии Эрон ба тарзи тӯҳфа омодааст боз 5 млн. доллари амрикоӣ барои бартараф кардани камбудиҳо дар нақби «Истиқлол» ҷудо намояд. Ин маблағ дар нақби ҳаводиҳанда, равшанидиҳӣ ва қисмати обпартои нақб масраф хоҳад шуд. Ширкати «Собир Интернейшл» омодааст, ки ҳамаи ин камбудиҳоро бартараф намояд.- иброз дошт сафир дар конфронси матбуотӣ, ки бо ҳамин мақсад доир карда шуд.  

Сентябрь 23, 2009 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд