ШИРКАТИ СОКИНОНИ ХУҶАНД ДАР МУАЙЯН КАРДАНИ СИЁСАТИ ШАҲРДОРӢ

Сентябрь 25, 2009 10:24

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абубакр). – Дар шаҳри Хуҷанд муаррифии Сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар шабакаи умумиҷаҳонии Интернет, ки бо таҷдиди нав рӯи кор омад ва дар заминаи он Шабакаи дохилии алоқаи интернетӣ таъсис ёфт, баргузор гардид.                 Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз таъсиси сомонаи мазкур бо истифода аз имкониятҳои шабакаи умумиҷаҳонии интернет ғановатбахшии фазои иттилоотӣ, ошноии ҷаҳониён бо шаҳри Хуҷанд, бедор кардани ҳисси таваҷҷӯҳ ба ҳамкории судманд дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба хотири рушди соҳаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати бунёди корхонаҳои муштарак, ба кор андохтани иқтидорҳои истеҳсолӣ, равнақи ҷанбаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва сайёҳӣ ва ба ин васила фароҳам овардани имконият ба иштироки ҳар чӣ бештар ва мақсадноки аҳолӣ дар муайянкунии сиёсати шаҳрдорӣ, таъмини талаботи иттилоотии ҷомеа тавассути корандозии механизми самаранок ва такмили идоракунии давлатии захираҳои иттилоотӣ мебошад.                Шабакаи дохилии алоқаи интернетӣ бошад робитаи мустақими миёни сохторҳои мақомоти иҷроияро роҳандозӣ карда, ҷараёни ҳаллу фасли муроҷиати шаҳрвандон тавассути он назорат мешавад.

Сентябрь 25, 2009 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд