ШУМОРАИ ТИФЛОНИ НАВЗОД МЕАФЗОЯД

Сентябрь 7, 2009 13:10

                Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омор, дар соли ҷорӣ афзоиши бақайдгирии таваллуд дар ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ мушоҳида мешавад. Аз ҷумла дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бақайдгирии кӯдакони навзод 10,9 фоиз, ё ба миқдори 2 ҳазору 600 нафар кӯдак ба ҳисоб гирифта шуданд. Таваллуди кӯдакони навзод бештар дар вилояти Хатлон 10,7 фоиз ё 4,2 ҳазор нафар, вилояти Суғд 3,6 фоиз ё 900 нафар, ВМКБ 16,1 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 3 фоиз зиёд шудааст.                 Афзоиши табиии аҳолӣ аз рӯи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 10,9 фоиз ё ба 88,9 ҳазор нафар расид, ки ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 239 нафар рост меояд.

Сентябрь 7, 2009 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд