СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ БАХШИДА БА ПРОБЛЕМАҲОИ ЭНЕРГЕТИКА
Пекин, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Рӯзҳои 1 ва 2 сентябр дар шаҳри Шенёни вилояти Ляонини Ҷумҳурии Мардумии Чин бахшида ба проблемаҳои энергетикӣ симпозиуми байналхалқӣ баргузор гардид. Дар он қариб 400 нафар намояндагони 38 мамлакати ҷаҳон, созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ширкат варзиданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки дар симпозиуми мазкур сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов низ иштирок дошт. Р.Олимов ба иштирокчиёни симпозиум дар бораи дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи энергетика ва имкониятҳои пешрафти он дар ин соҳа маълумот дод. Вай зикр намуд, ки Ҳукумати Тоҷикистон айни ҳол барномаи махсуси рушди соҳаи гидроэнергетикаро тартиб додааст. Инчунин барои истифодаи оқилонаю сарфакоронаи захираҳои обу энергетика тадбирҳои судбахш андешида мешаванд. Р.Олимов изҳор намуд, ки сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли қувваи барқ дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ самараи фаъолияти соҳаи энергетикаро чандин баробар зиёд хоҳад кард. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар соҳаи энергетика бо бисёр мамлакатҳо, аз ҷумла, Афғонистон, Покистон, Эрон, Чин ва Русия самарабахш ҳамкорӣ мекунад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






