СИМПОЗИУМИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР ДУШАНБЕ

Сентябрь 28, 2009 10:11

                 Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Рӯзҳои 5 — 6 –уми октябр дар пойтахти ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе бахшида ба 1310 – солагии Имоми Аъзам симпозиуми байналхалқӣ доир мегардад. Бо ин мақсад, шаҳрдори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи васеи кори шаҳрдорӣ роҳбарони субъектҳои хоҷагидорию институтҳои шаҳрвандии пойтахт ва фаъолони тамоми чор ноҳияи марказро дастур дод.                Шаҳрдорӣ оид ба баргузории ин симпозиум масъулини шаҳру ноҳияҳо, рохбарони тамоми субъектҳои хоҷагидорӣ, меҳмонхонаҳо марказҳои фарҳангию маишӣ ва аҳли ҷамоатчигиро муваззаф сохтааст, ки тибқи нақшаҳои пешбиишудаи ин чорабинӣ тамоми корҳои омодагию ободониро вобаста ба ин маъракаи фарҳангӣ, ки он метавонад асолатҳои таърихии миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунад, анҷом диҳанд.

Сентябрь 28, 2009 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд