СИСТЕМАҲОИ ЗИДДИ РАКЕТАҲОИ АВРУПОЮ ОСИЁРО МУТТАҲИД КАРДА МЕШВАНД?
Брюссел, 19 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). – Муншии умумии НАТО Андерс Фог Расмуссен изҳор намуд, ки ИМА, Русия ва НАТО бояд имконияти муттаҳид сохтани системаҳои мудофиа аз ҳуҷуми ракетаҳои худро якҷоя муҳокима кунанд. Вай зикр намуд, ки дар ин масъала ҳар гуна пешниҳоди президенти Русияро мавриди баррасӣ қарор хоҳад дод. Муншии умумии НАТО пешниҳоди худро ба қарори маъмурияти ИМА вобаста менамояд, ки аз насби бунгоҳҳои мудофиа аз ҳуҷуми ракетаҳо дар Аврупои Шарқӣ даст кашидааст. Расмуссен дар баробари ин таъкид намуд, ки Русия бояд дар масъалаи боздоштани таҳқиқоти ядроӣ ба Эрон таъсир расонад. Кремл бояд бо роҳҳои сиёсӣ Эронро водор созад, ки аз истеҳсоли аслиҳаи ядроӣ худдорӣ намояд. Расмуссен изҳор намуд, ки минбаъд тамоми масъалаҳои марбут ба таъмини амниятро дар Аврупо ва Осиё бо маслиҳату машварати Русия ҳаллу фасл хоҳад намуд.








Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






