СОДИРОТ 2 БАРОБАР КАМ ШУД

Сентябрь 24, 2009 09:36

                Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти хадамоти гумруки ҶТ дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар 55,1 фоиз кам гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2008 — 450 млн. 300 ҳазор доллари амрикоӣ камтар аст.                Дар давоми 8 моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулот аз ҶТ ба андозаи 552 млн. 700 ҳазор доллар ё нисбат ба ҳамн давраи соли 2008 — 500 млн. кам аст.                Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, соли ҷорӣ асосан содироти алюмин, пахта, пӯст, пила, қувваи барқ ва тамоку кам гардид.                Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ ҳамагӣ 221 ҳазору 862 тонна алюмн 48 ҳазору 194 тонна пахта содир намуд, аммо содироти меваю сабзавот нисбат ба ҳамин давра соли 2008 – 50 ҳазор тонна зиёд аст.

Сентябрь 24, 2009 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд