СОХТМОНИ НБО «САНГТӮДА – 2» ДАВОМ ДОРАД

Сентябрь 25, 2009 10:03

                 Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Аз дафтари матбуоти вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар баъзе қитъаҳои Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» бо сабаби тағйир ёфтани вазъи ҳаво ва баланд шудани сатҳи оби дарёи Вахш муваққатан боздошта шуда буданд. Айни ҳол коргарон суръати корро бо истифода аз вазъи мусоиди ҳаво босуръат давом медиҳанд. Навбати аввали нерӯгоҳ бояд охири соли 2010 ба истифода дода шавад.                  Нерӯгоҳи барқии обии «Сангтӯда – 2» — ро коргарону мутахассисони ширкати «Сангоб» — и Эрон месозанд. Имрӯзҳо ба маҳалли сохтмони нерӯгоҳ барои насби агрегати аввалин аз Эрон таҷҳизоти махсуси техникӣ оварда мешаванд. Агрегати дуюми нерӯгоҳ аввали соли 2011 насб карда хоҳад шуд. Иқтидори лоиҳавии он 930 миллион киловатт – соат дар як сол мебошад. Баландии банди оби нерӯгоҳ ба 31 метр мерасад.                  Сохтмони нерӯгоҳ моҳи феврали соли 2006 шурӯъ шуда буд. Ҳукумати Эрон барои сохтмони он 180 миллион доллари ИМА ва Ҳукумати Тоҷикистон бо ин мақсад 40 миллион доллари ИМА ҷудо карда буданд.                 Баъди анҷоми сохтмони нерӯгоҳ даромади он дар давоми 12,5 сол ба ҷониби Эрон дода хоҳад шуд. Сипас нерӯгоҳи мазкур ба моликияти Тоҷикистон табдил дода мешавад.  

Сентябрь 25, 2009 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид