СОЛИМИИ АҲОЛӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ
Душанбе, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Дар арафаи иди 18-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Хазинаи СММ оид ба нуфузи аҳолӣ (UNFPA) китоб таҳти унвони «Солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар соли 2008» аз чоп баромад. Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ иттилоъ доданд, ин китоб маълумоти омории солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии солҳои 2007-2008-ро, ки аз тарафи кормандони Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ таҳия гардидаанд, дарбар мегирад ва он ба мутахассисону роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки аз солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ огаҳӣ дошта бошанд ва нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳои зертобеи худро дар муқоиса бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои дигар арзёбӣ намоянд. Дар таҳия намудани маҷмӯа аз ҳисоботи омории соҳавию давлатии пешниҳоднамудаи марказҳои омор ва иттилооти тиббии шаҳру вилоятҳо ва беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аз маълумоти демографии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки нишондиҳандаҳои тандурустии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ истифода карда шудааст. Дар маҷмӯа таклифу пешниҳодҳои сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудаанд. Маҷмӯа бо назардошти таклифу пешниҳодоти сармутахассисон ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ бо тағйироту иловаҳо таҳия гардидааст. Бояд тазаккур дод, ки ин маҷмӯа, ки ҳар сол бо теъдоди 270 нусха ба чоп мерасид, имсол бо теъдоди 500 нусха дар чопхонаи ҶДММ «Орбита» нашр гардидааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






