СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРИИ АМИТ «ХОВАР» ВА «ОЗАРТОҶ»
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ«Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Роҳбарони Агентии миллии иттилотии Тоҷикистон «Ховар» Садриддин Шамсиддинов ва Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон («Озартоҷ») Аслон Аҳмад ӯғлӣ Аслонов созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд. Созишномаи мазкур бо мақсади тавсеа ва ғанӣ гардонидани имкониятҳои иттилоотӣ ва таҳлилӣ, ба роҳ мондани табодули иттилоот оиди рӯйдодҳои навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон , бо назардошти кӯшиши тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ба имзо расид. Дар назар аст, ки ҷонибҳо оиди рӯйдодҳои муҳими ҳаёти дохилӣ ва хориҷии кишварҳои худ бо забонҳои русӣ ва англисӣ, бо истифодаи почтаи электронӣ ва воситаҳои дигари алоқа табодули мунтазами маводи иттилоотии фаврӣ ва дақиқро таъмин менамоянд. Дар Созишнома гуфта мешавад, ки ҳар ду агентӣ дар масъалаҳои ташкил ва таъмини инъикоси сафарҳои расмии роҳбарони давлатҳо, ҳайатҳои расмии кишварҳои хеш, инчунин чорабиниҳои дигари байнидавлатӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегарданд, ҳамаҷониба ҳамкорӣ хоҳанд кард. Созишномаи мазкур то 31 декабри соли 2010 эътибор дорад ва баъдан бо розигии ду ҷониб тамдид карда мешавад.








Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






