ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ

Сентябрь 29, 2009 16:29

                 Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гузашт, роҳбарони баъзе вазорату идораҳо иваз карда шуданд.                  Аз ҷумла, Озода Раҳмонова муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зӯҳро Оқимбекова муовини раиси Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинова муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Юсуф Султонноёбов муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Акбар Фаёзов  директори корхонаи «Востокредмет» ва Усмоналӣ Усмонов директори Маркази татбиқи барномаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.                  Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадсаид Пировро иваз намуд, ки ба вазифаи директори «Тоҷикфильм» гузаронида шуд.                    Лутфулло Давлатов қабл аз ин дар вазифаи роҳбари Муассисаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» — и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.

Сентябрь 29, 2009 16:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд