ТАҒЙИРОТИ НАВИ КАДРӢ
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон гузашт, роҳбарони баъзе вазорату идораҳо иваз карда шуданд. Аз ҷумла, Озода Раҳмонова муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зӯҳро Оқимбекова муовини раиси Агентии сохтмону меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мавсума Муинова муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, Юсуф Султонноёбов муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон, Акбар Фаёзов директори корхонаи «Востокредмет» ва Усмоналӣ Усмонов директори Маркази татбиқи барномаҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд. Инчунин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфулло Давлатов директори Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» таъин гардид. Ӯ дар ин вазифа Маҳмадсаид Пировро иваз намуд, ки ба вазифаи директори «Тоҷикфильм» гузаронида шуд. Лутфулло Давлатов қабл аз ин дар вазифаи роҳбари Муассисаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино» — и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






