ТАҲДИДИ НАВИ «АЛҚАЁДА»

Сентябрь 23, 2009 10:54

                 Ню – Йорк, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). – Созмони террористии «Алқаёда» муроҷиатномаи навбатии видеоии яке аз роҳбарони созмон Аймон Алзавоҳириро ба унвони роҳбарияти ИМА пахш намуд.                  Дар муроҷиатнома сиёсати ҳукумати ИМА таҳти роҳбарии Барак Обама танқид карда мешавад. Алзавоҳирӣ Б.Обамаро шахспараст, иғвогар ва моҷароҷӯӣ номида, огоҳ мекунад, ки ояндаи наздик Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо дасти мусулмонон несту нобуд карда хоҳад шуд.                 Барак Обама ба сӯи мо табассум кунад ҳам, вале бо ханҷари роҳбари пештараи ИМА Ҷ.Буш ба дили мо зарба задан мехоҳад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома.                 Дар навори видео ғайр аз Завоҳирӣ, хизматчии ҳарбии артиши ИМА Боув Бергдал, ки онро «Толибон» дар Афғонистон 30 июни соли 2009 дастгир кардаанд, инчунин ташвиқотчии амрикоӣ Адам Гадан ва «Аъзами амрикоӣ» тасвир ёфтаанд.                  Бояд гуфт, ки созмони террористии «Алқаёда» мунтазам ба унвони роҳбарони мамлакатҳои гуногун огоҳинома ва муроҷиатномаҳо мефиристад. Танҳо моҳи сентябр ба унвони роҳбарони Олмон ва мусулмонони сокини ин мамлакат ду муроҷиатнома пахш карда шуда буд. Инчунин 14 сентябр Усома ибни Лодан роҳбарияти Амрикоро ба дастгирии ҳукумати Исроил гунаҳкор карда буд. Созмони террористии «Алқаёда» мамлакатҳои ғарбро даъват мекунад, ки қисмҳои ҳарбии худро аз Афғонистон фавран бароранд. Дар робита сарвазири Италия Силвио Берлускони хабар дод, ки низомиёни мамлакаташ аз Афғонистон тадриҷан бароварда мешаванд. Вай изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик аз Афғонистон 500 нафар хизматчии ҳарбӣ бароварда хоҳад шуд.

Сентябрь 23, 2009 10:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд