ТАҲДИДИ НАВИ «АЛҚАЁДА»
Ню – Йорк, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). – Созмони террористии «Алқаёда» муроҷиатномаи навбатии видеоии яке аз роҳбарони созмон Аймон Алзавоҳириро ба унвони роҳбарияти ИМА пахш намуд. Дар муроҷиатнома сиёсати ҳукумати ИМА таҳти роҳбарии Барак Обама танқид карда мешавад. Алзавоҳирӣ Б.Обамаро шахспараст, иғвогар ва моҷароҷӯӣ номида, огоҳ мекунад, ки ояндаи наздик Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо дасти мусулмонон несту нобуд карда хоҳад шуд. Барак Обама ба сӯи мо табассум кунад ҳам, вале бо ханҷари роҳбари пештараи ИМА Ҷ.Буш ба дили мо зарба задан мехоҳад, гуфта мешавад дар муроҷиатнома. Дар навори видео ғайр аз Завоҳирӣ, хизматчии ҳарбии артиши ИМА Боув Бергдал, ки онро «Толибон» дар Афғонистон 30 июни соли 2009 дастгир кардаанд, инчунин ташвиқотчии амрикоӣ Адам Гадан ва «Аъзами амрикоӣ» тасвир ёфтаанд. Бояд гуфт, ки созмони террористии «Алқаёда» мунтазам ба унвони роҳбарони мамлакатҳои гуногун огоҳинома ва муроҷиатномаҳо мефиристад. Танҳо моҳи сентябр ба унвони роҳбарони Олмон ва мусулмонони сокини ин мамлакат ду муроҷиатнома пахш карда шуда буд. Инчунин 14 сентябр Усома ибни Лодан роҳбарияти Амрикоро ба дастгирии ҳукумати Исроил гунаҳкор карда буд. Созмони террористии «Алқаёда» мамлакатҳои ғарбро даъват мекунад, ки қисмҳои ҳарбии худро аз Афғонистон фавран бароранд. Дар робита сарвазири Италия Силвио Берлускони хабар дод, ки низомиёни мамлакаташ аз Афғонистон тадриҷан бароварда мешаванд. Вай изҳор намуд, ки рӯзҳои наздик аз Афғонистон 500 нафар хизматчии ҳарбӣ бароварда хоҳад шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






