ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ НИМАСРАИ ИТТИФОҚИ ЖУРНАЛИСТОН МАВҚУФ ГУЗОШТА ШУД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова). – Маҷлиси навбатии раёсати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар бораи мавқуф гузоштани таҷлили ҷашни 50 – солагии Иттифоқи журналистон қарор қабул намуд. 50 – солагии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, тибқи нақшаи пешбинишуда, мебоист моҳи ноябри соли равон ҷашн гирифта мешуд. Котиби масъули Иттифоқи журналистон Пӯлод Нуров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки рӯзи аниқи таҷлили ҷашни иттифоқ ҳанӯз муайян карда нашудааст. Шояд ҷашни Иттифоқи журналистон аввали соли 2010 таҷлил карда шавад, гуфт вай. Сабаби асосии мавқуф гузоштани ҷашни Иттифоқи журналистон набудани вақт барои ташкили баъзе тадбирҳои вобаста ба ҷашн мебошад. 50 – солагии Иттифоқи журналистон бояд ба таври пуршукӯҳу доманадор ҷашн гирифта шавад. Зеро дар он як марҳалаи томи таърихи журналистикаи мамлакат ҷамъбаст карда мешавад, гуфт П.Нуров. Сабаби дигари мавқуф гузоштани ҷашн бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ мебошад. Дар натиҷа силсилаи тадбирҳои бахшида ба 50 – солагии Иттифоқи журналистон, аз ҷумла, нашри китоб дар бораи таърихи Иттифоқи журналистон ва гузаронидани конфронси илмии ҷумҳуриявӣ иҷро нагардиданд. Тибқи нақша, дар муддати боқимонда ҳамаи тадбирҳои пешбинишудаи идона бояд иҷро карда шаванд, гуфт котиби масъули Иттифоқи журналистони ҷумҳурӣ.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






