ТАҶЛИЛИ 150 – СОЛАГИИ КОСТА ХЕТАГУРОВ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 22 сентябр Ҷамъияти осетинҳои сокини Тоҷикистон — «Иристон» ба шарафи се санаи таърихӣ — 235 — солагии рӯзи ҳамроҳшавии Иристон ба Русия, 225 – солагии иморати қалъаи Владикавказ ва 150 – солагии рӯзи таваллуди шоири бузурги Иристон Коста Хетагуров ҷамъомади ботантана баргузор намуд. Раиси ҷамъият Зарифа Гуссаова зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ки иристониҳо дар Тоҷикистон дар давоми асрҳои тӯлонӣ дӯш ба дӯши тоҷикон зиста, бо ҳамдигар муносибатҳои хайрхоҳона доштанд ва мушкилоти зиндагиро якҷоя бартараф менамоянд. Имрӯз ҳам намояндагони миллати осетин дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, ҳамроҳи халқи тоҷик барои пешрафти иқтисодиёти мамлакат заҳмат мекашанд. Дӯстии халқҳои осетин ва тоҷик намунаи олии дӯстии интернатсионалӣ мебошад, гуфт З.Гуссаова.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






