ТАҶЛИЛИ ИДИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 10 сентябр. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). – 9 сентябр дар майдони варзишии «Спартак» — и маркази вилоят ба муносибати 18 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади бошукӯҳи идона баргузор гардид. Онро раиси вилоят, муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода кушод. Сипас Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов тамоми ҳозирон ва сокинони вилояти Суғдро ба муносибати иди истиқлолият табрик намуд. О.Оқилов зикр намуд, ки аҳамияти истиқлолият дар таърихи мамлакат хеле бузург аст. Вай дар бораи душвориҳое сухан ронд, ки ҷумҳурии навбунёди тоҷикон дар роҳи ба даст овардани истиқлоият бо онҳо рӯ ба рӯ гардид. Қайд карда шуд, ки аз моҳи июни соли 2007 сар карда, баъди имзои созишномаи созгории миллӣ дар Тоҷикистон давраи барқароркунии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт шурӯъ шуд. Ҳукумат ва давлати мамлакат дар давоми солҳои минбаъда барои таъмини мустақилияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, кам кардани таъсири бӯҳрони молиявию иқтисодӣ тадбирҳои судбахш андешида, ба гурӯҳҳои камбизоати аҳолӣ то ҳадди имкон бештар кӯмак мерасонанд. Дар қисми дуюми таҷлили ид бо иштироки устодони санъат, гурӯҳҳои ҳунарӣ ва дастаҳои ҳаваскори вилоят консерти калони идона барпо карда шуд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






