ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАРҶУМОН
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 30 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии тарҷумон ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи байналмилалии тарҷумон имсол дар Тоҷикистон дар факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар он аъзои раёсати Иттифоқи нависандагон, нависанда ва тарҷумон маъруф Ҳикмат Раҳмат, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Баҳриддин Камолиддинов, номзади илми филология, мудири кафедраи адабиёти руси донишгоҳ Закия Муллоҷонова ва омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ширкат меварзанд. Рӯзи байналмилалии тарҷумон имсол таҳти шиори «Тарҷума ҳамчун василаи ҳамкории байналмилалӣ» гузаронида мешавад. Барои иштирокчиёни он барномаҳои гуногуни фарҳангӣ тартиб дода шудаанд. Декани факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳ Меҳринисо Нағзибекова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки рӯзи таҷлили ид тарҷумонҳои касбӣ дар ҳузури донишҷӯён сухан карда, аз таҷрибаи худ нақл хоҳанд кард. Ҳамон рӯз бахшида ба проблемаҳои омӯзиши касби тарҷумонӣ, тайёр кардани кадрҳо ва беҳтар намудани сифати тарҷума машварати мутахассисон баргузор мегардад. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Рӯзи байналмилалии тарҷумонро Федератсияи байналхалқии тарҷумонҳо соли 1991 муқаррар карда буд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






