ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАРҶУМОН

Сентябрь 29, 2009 15:22

                 Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). – 30 сентябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи байналмилалии тарҷумон ҷашн гирифта мешавад.                  Рӯзи байналмилалии тарҷумон имсол дар Тоҷикистон дар факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Дар он аъзои раёсати Иттифоқи нависандагон, нависанда ва тарҷумон маъруф Ҳикмат Раҳмат, мудири кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Баҳриддин Камолиддинов, номзади илми филология, мудири кафедраи адабиёти руси донишгоҳ Закия Муллоҷонова ва омӯзгорону донишҷӯёни мактабҳои олӣ ширкат меварзанд.                 Рӯзи байналмилалии тарҷумон имсол таҳти шиори «Тарҷума ҳамчун василаи ҳамкории байналмилалӣ» гузаронида мешавад.                   Барои иштирокчиёни он барномаҳои гуногуни фарҳангӣ тартиб дода шудаанд.                   Декани факултаи забону адабиёти руси Донишгоҳ Меҳринисо Нағзибекова ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки рӯзи таҷлили ид тарҷумонҳои касбӣ дар ҳузури донишҷӯён сухан карда, аз таҷрибаи худ нақл хоҳанд кард. Ҳамон рӯз бахшида ба проблемаҳои омӯзиши касби тарҷумонӣ, тайёр кардани кадрҳо ва беҳтар намудани сифати тарҷума машварати мутахассисон баргузор мегардад.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Рӯзи байналмилалии тарҷумонро Федератсияи байналхалқии тарҷумонҳо соли 1991 муқаррар карда буд. 

Сентябрь 29, 2009 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар