ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ҚӮРҒОНТЕППА

Сентябрь 24, 2009 09:54

                 Қӯрғонтеппа, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев). – 22 сентябр дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Қӯрғонтеппа ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ҷамъомадҳои гуногун баргузор гардиданд.                 Яке аз ин ҷамъомадҳои идона дар гулгашти кӯчаи марказии Ваҳдат дар назди ҳайкали Абӯабдулло Рӯдакӣ баргузор гардид. Талабагони мактабҳои шаҳр аз эҷодиёти асосгузори адабиёти классикии форсизабонони ҷаҳон намунаҳо қироат карданд. Ҳунармандони театрҳои ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ва ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бахшида ба ҳаёту эҷодиёти сипаҳсолори назми машриқзамин асари калони саҳнавиро пешкаши тамошобинон гардонданд. Сипас бо иштироки ҳунармандони шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтар консерти калон намоиш дода шуд. Ҳамон рӯз дар маркази вилоят бахшида ба эҷодиёти А.Рӯдакӣ намоиш ва озмуни шиору плакатҳо ва иншои талабагон гузаронида шуд.

Сентябрь 24, 2009 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАРБИЯ ПЕШ АЗ ТАЪЛИМ АСТ. Чаро ҷинояткории наврасону ҷавонон коҳиш намеёбад?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд