ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ РӮДАКӢ» ДАР ХУҶАНД
Хуҷанд, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сановбар Мақсудова ). – 22 сентябр дар қасри «Кохи Рӯдакӣ» — и шаҳри Хуҷанд «Рӯзи Рӯдакӣ» ботантана ҷашн гирифта шуд. Дар он олимон, омӯзгорон, намояндагони аҳли ҷомеа, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, донишҷӯён, коргарону деҳқонон ва адибон ширкат варзиданд. Ҷамъомадро муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев кушода, ҳозиронро табрик намуд.Сипас таҳти унвони «Султони шоирони ҷаҳон» дар бораи ҳаёту эҷодиёти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши калонҳаҷми театрикунонидашуда намоиш дода шуд. Дар он ҳунарпешагон ва донишҷӯён ширкат варзиданд. Баъдан устодони санъат ва овозхонони ҳаваскор, аз ҷумла, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ҳунарпешагони маъруф А.Камолиддинов, С.Худоймерганов, Гуласал Пӯлодова ва дигарон аз ашъори Рӯдакӣ намунаҳо иҷро намуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки аз моҳи сентябри соли 2002 сар карда. дар Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил карда мешавад. Соли 2008 дар саросари мамлакат 1150 – солагии бунёдгузори адабиёти машриқзамин Абӯабдуллои Рӯдакӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






