ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ РӮДАКӢ» ДАР ХУҶАНД

Сентябрь 23, 2009 16:07

                  Хуҷанд, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сановбар Мақсудова ). – 22 сентябр дар қасри «Кохи Рӯдакӣ» — и шаҳри Хуҷанд «Рӯзи Рӯдакӣ» ботантана ҷашн гирифта шуд. Дар он олимон, омӯзгорон, намояндагони аҳли ҷомеа, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, донишҷӯён, коргарону деҳқонон ва адибон ширкат варзиданд.                  Ҷамъомадро муовини раиси вилояти Суғд Ваҳҳоб Набиев кушода, ҳозиронро табрик намуд.Сипас таҳти унвони «Султони шоирони ҷаҳон» дар бораи ҳаёту эҷодиёти асосгузори адабиёти классикии форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ намоиши калонҳаҷми театрикунонидашуда намоиш дода шуд. Дар он ҳунарпешагон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.                  Баъдан устодони санъат ва овозхонони ҳаваскор, аз ҷумла, Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷӯрабек Муродов, ҳунарпешагони маъруф А.Камолиддинов, С.Худоймерганов, Гуласал Пӯлодова ва дигарон аз ашъори Рӯдакӣ намунаҳо иҷро намуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки аз моҳи сентябри соли 2002 сар карда. дар Тоҷикистон ҳар сол 22 сентябр «Рӯзи Рӯдакӣ» таҷлил карда мешавад. Соли 2008 дар саросари мамлакат 1150 – солагии бунёдгузори адабиёти машриқзамин Абӯабдуллои Рӯдакӣ ботантана ҷашн гирифта шуд.

Сентябрь 23, 2009 16:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд