ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЯКДИЛИИ ЖУРНАЛИСТОН
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова).- Имрӯз дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мизи мудаввар, бахшида ба рӯзи байналхалқии якдилии журналистон баргузор мегардад. Ин ҷашнро ҳамасола 8 сентябр ҷашн мегиранд. Рӯзи байналхалқии якдилии журналистон соли 1958 дар Бухарест дар анҷумани 4-уми байналхалқии журналистон таъсис ёфта буд. Рӯзи байналхалқии журналистон ба муносибати қатли журналисти чех, муборизи фаъоли зиддифашизм Ю. Фучик муқаррар карда шудааст. Ю. Фучик 8 сентябри соли 1943 дар Олмон аз тарафи фашистон ба қатл расонда шуд. Вай сармуҳаррири рӯзномаи чехии «Руде право» буд. Вай дар рӯзномаи худ мақолаҳои бар зидди режими фашистиро ҷой медод, аз ин рӯ ӯро гестапо ба ҳабс гирифта буд. Ю. Фуик аз рӯи китоби худ «Гуфтори пеш аз қатл» шӯҳрат пайдо кард, ки ин китобро ӯ дар зиндон навишта буд. Баъди марги журналист китоби ӯ ба 70 забонҳои ҷаҳон тарҷума шуд. Аз соли 1958 дар рӯзи марги Ю. Фучик рӯзи байналхалқии якдилии журналистон қайд карда мешавад. Дар рӯзи байналхалқии журналистон дар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон барои поси хотири Ю. Фучик конфронсҳо, анҷуманҳо ва дигар маҷлисҳо баргузор мегардад. Дар маросими тантанавӣ журналистони боистеъдодро мукофот дода, ҳамкасбоне, ки дар нуқтаҳои доғ ба ҳалокат расидаанд, ёдовар мешаванд. Котиби масъули ИЖТ Пӯлод Нуров зикр намуд, ки дар мизи мудаввари мазкур, ки бахшида ба ин ҷашн баргузор мегардад, муҳаррирҳои нашрияҳо ва ҳамкасбони онҳо масъалаҳои муҳим ва ҳуқуқии ВАО Тоҷикистонро муҳокима мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






