ТАБРИКОТИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ РӮДАКӢ

Сентябрь 22, 2009 11:20

               Табрикоти телевизионии                Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ                22 юми сентябри соли 2009                 Ҳамватанони азиз!                 Масъалаи омӯзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.                   Аз ин хотир, мо дар ҷараёни пешбурди сиёсати давлати соҳибистиқлоли худ ҳарчи бештар ба арзишҳои таърихии миллӣ ва умумибашарӣ эҳтиром гузошта, ба масъалаи бузургдошти шахсиятҳои маъруфи илму адаб ва ҳифзи фарҳанги пурғановати миллиамон афзалият медиҳем.                  Бо ин мақсад мо дар баробари амалӣ кардани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябрро Рӯзи Рӯдакӣ эълон карда, наслҳои имрӯзу ояндаи миллати худро аз аслу насаби хеш, ки аз азал соҳиби фарҳангу тамаддун ва суннатҳои деринаи давлату давлатдорӣ буд, воқиф месозем ва онҳоро ба худшиносии милливу ифтихор аз ватандорӣ раҳнамоӣ менамоем.                  Устод Рӯдакӣ, ки воқеан падарсолори шеъри Аҷам ва асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс дониста шудааст, аз ҷумлаи бузургтарин ва барҷастарин шахсиятҳои таърихи миллати куҳанбунёди мо мебошад.                    Маҳз устод Рӯдакӣ буд, ки ҳамчун бунёдгузори кохи бегазанди андешаву орои олӣ дар хотири мардуми мо ва инсонияти фарҳангдӯсту адабпарвар ба ҳайси раҳнамову раҳкушои ҳазорон гӯяндагони бузург, аз қабили Фирдавсиву Носири Хусрав, Саъдиву Ҳофиз, Камолу Ҷомӣ, Шоҳину Аҳмади Дониш, Айниву Лоҳутӣ, Турсунзода ва дигарон нақши ҷовидонӣ гузоштааст.                  Вақте мегӯем, ки адабиёт оинаи зиндагӣ ва баёнгари орзуву омоли аҳли башар аст, пеш аз ҳама, шеъри зиндагисозу рӯҳнавози устод Рӯдакӣ ба хотир мерасад.                  Устод Рӯдакӣ дар олами шеъру шоирӣ ба мақоме даст ёфт, ки дар таърихи зиёда аз ҳазорсолаи адабиёт кам касоне ба он сатҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки ӯро бо номҳои “султони шоирон”, “соҳибқирони шоирӣ”, “устоди устодон” ва “нахустустод” ёд мекунанд.                   Ба қавли донишманди маъруф Саид Нафисӣ “Худои Эрони Бузург ба ӯ табъе чунон саршор ато карда буд, ки шеър гуфтан барои вай аз сухан гуфтани дигарон осонтар буд. Як милёну сесад ҳазор шеър гуфт ва ҳанӯз дар ҷаҳон касе бад-ин появу моя дар ҳеҷ забоне нарасидааст”.                   Эҷодиёти устод Рӯдакӣ барҳақ дар таърихи адабиёти тоҷику форс ва гузашта аз ин, дар адабиёти ҷаҳон аз лиҳози мазмуну мӯҳтаво, ҳамчунин аз нигоҳи содагиву равонӣ камназир аст.                 Муҳаббати сухани ӯ дар қалби мардуми мо ҳанӯз аз хурдсолӣ ҷой гирифта, онҳоро ба дӯст доштани зиндагӣ, фаро гирифтани илму дониш ва инсондӯстиву хайрхоҳӣ раҳнамоӣ месозад.                 Шеъри Рӯдакӣ, ки зиёда аз ҳазор сол инҷониб дар фазои зиндагии мардуми мо танинандоз аст ва паёми озодиву истиқлол, сулҳу дӯстӣ, донишу хирад, накӯкориву ҷавонмардӣ ва зебоиву нафосатро мерасонад, барои наслҳои имрӯза низ ҳамчун намунаи олии башардӯстӣ, садоқат ба марзу буми аҷдодӣ, зебоипарастӣ ва ишқи поку беолоиш хизмат мекунад.                 Панду андарзҳои безаволи Рӯдакӣ, ки ҷанбаи дигари муҳими эҷодиёти ӯро ташкил медиҳанд, аҳамияти бузурги тарбиявӣ дошта, ба қавли худи устод ба хонанда «бо чашми дил дидани олам»-ро меомӯзонанд.                  Мо, ки имрӯз дар замони соҳибистиқлолӣ кору зиндагӣ дорем, дар баробари дигар паҳлуҳои пурқимати ашъори устод Рӯдакӣ бештар ба панду андарзҳои ҷовидонии ӯ, ки дар тарбияи насли соҳибмаърифат ва ватандӯсту ватанпараст аҳамияти муҳим доранд, ниёзмандем.                  Аз ин рӯ, ба наслҳои имрӯзу ояндаи миллатамон зарур аст, ки ҳамчун ворисони бевоситаи фарҳанги куҳанбунёди хеш фармудаҳои бузургони илму адаб, аз ҷумла устод Рӯдакиро дастури зиндагии ҳамарӯзаи худ қарор диҳанд.                 Зеро ашъори ӯ дарси тақвияти худшиносии миллӣ, сидқан дӯст доштани марзу буми аҷдодӣ ва риояи одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад. Бо итминони комил метавон гуфт, ки Рӯдакӣ ва шеъри ӯ имрӯз низ бо мост ва мо бо мутолиаву баҳрабардорӣ аз мактаби одамияти ӯ ба мақому манзалати устод дар рушди фарҳангу адаби куҳанбунёди миллатамон ва кулли форсизабонони ҷаҳон беш аз пеш арҷ мегузорем.                Дар фарҷоми сухан ҳамаи шумо – ҳамватанони азиз ва кулли тоҷикону форсизабонони оламро ба муносибаи Рӯзи Рӯдакӣ, ки рамзи ҷовидони шеъри Аҷам аст, самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саодати зиндагӣ ва барори кор орзумандам.               Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед!

Сентябрь 22, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар 130 муассисаи таълимии ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор наврасон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Душанбе ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Пешвои миллат — меъмори Ваҳдат» доир гардид