ТАЙЁРӢ БА СОХТМОНИ БИНОИ НАВ

Сентябрь 2, 2009 16:03

               Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар»). – Мувофиқи қарори моҳи марти соли равон қабулнамудаи Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ояндаи наздик дар қитъаи замини воқеъ дар сероҳаи хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Бохтару Бухоро дар наздикии бинои мактаби миёнаи № 1 бинои боҳашамати баландошёнаи «Душанбе – плаза» сохта хоҳад шуд.                 Баъдан бо қарори дигари раиси шаҳри Душанбе барои интихоби корхонаи пудратии иҷрокунандаи корҳои тайёрӣ ба сохтмони бинои мазкур озмун баргузор гардид. Дар ин озмун Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи «Сохтмони махсус» ғолиб омад. Акнун вазифаи кӯчондани хатҳои муҳандисии иншооти «Душанбе – плаза» ба зиммаи ҳамин ҷамъияти саҳҳомӣ гузошта шуд. Мутахассисони он корро аз 23 август шурӯъ намуданд. Кӯчонидани хатҳои муҳандисии иншоот бояд то 1 декабри соли равон ба охир расонда шавад. Барои иҷрои ин корҳо 3 миллиону 36 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст.                Котиби матбуоти раиси шаҳри Душанбе Н. Қаландаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки айни ҳол дар ин ҷо 83 коргар дар ду навбат кор мекунад.

Сентябрь 2, 2009 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд