ТАРМИМИ КУЛЛИИ РОҲ ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 26 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Сардори раёсати умумии хоҷагии роҳҳои Вазорати нақлиёт ва алоқаи ҷумҳурӣ Аловуддин Аноятшоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, ки қитъаи роҳи мошингарди Ваҳдат – Норак аз километри 46 – ум то километри 60 – ум вобаста ба тармими куллии он муваққатан баста шуд. Воситаҳои нақлиёт дар ин муддат аз роҳи мошингарди деҳаи Чормағзак истифода мебаранд. Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки Бонки содироту воридоти Чин моҳи августи соли равон барои тармими куллии роҳи мошингарди Душанбе – Данғара ба Тоҷикистон қарзи имтиёзнок дод. Барои тармими роҳи мазкур 51,6 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд. Аз ин маблағ 49 миллион доллар саҳми Бонки содироту воридоти Чин ва 2,6 миллион доллар саҳми Тоҷикистон мебошад. Қарзи мазкур ба Тоҷикистон барои 20 сол дода шуд. Роҳи мошингарди Душанбе – Данғара, тибқи нақша бояд дар давоми ду сол тармим карда шавад. Барномаи тармими роҳи мошингарди Душанбе — Данғара сохтмони туннели «Чормағзак» — ро низ пешбинӣ менамояд, ки дарозии он 4,6 километр мебошад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






