ТОҶИКИСТОН БА АФҒОНИСТОН ВА ПОКИСТОН БАРҚ МЕДИҲАД
Душанбе, 25 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 24 сентябр Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов дар ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон бо нақшаи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон шинос шуда, бо роҳбарият ва мутахассисони ширкати сохтмонӣ машварат гузаронид. Гуфтанист, ки хатти интиқоли барқи Тоҷикистон-Афғонистон аз НБО «Сангтӯда-1» то сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар масофаи 118 километр, бо ҷалби сармояи Бонки рушди Осиё ва Бонки исломии рушд аз ҷониби Ширкати сохтмонии «КЕС»-и Ҷумҳурии Ҳиндустон, бунёд мегардад. Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов оид ба анҷоми бетаъхир ва босифати корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дода, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаи мазкур таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд. «Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи 220 киловолтаи Тоҷикистон-Афғонистон имкон медиҳад, ки нерӯи барқи арзон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар оянда ба Ҷумҳурии Покистон низ интиқол дода шавад», — гуфт Сарвазир. Тазаккур додан ба маврид аст, ки айни ҳол дар маҳалҳои сохтмонӣ корҳои геодезӣ анҷом ёфта, лоиҳакашӣ идома дорад. Мувофиқи созишномаи байни Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ва Ширкати сохтмонии «КЕС»-и Ҳиндустон сохтмони хати интиқоли барқи Тоҷикистон-Афғонистон моҳи майи соли 2010 ба анҷом мерасад.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






