ТОҶИКИСТОН – ИСЛОҲОТИ МУВАФФАҚ ДАР САМТИ СОҲИБКОРӢ

Сентябрь 11, 2009 15:30

                Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мувофиқи ҳисоботи солонаи Бонки ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 10 кишваре, ки дар самти беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ислоҳоти ҷиддиро ба роҳ мондааст, шомил гардид.                  Дар ҳисобот омадааст, ки ислоҳоти бароҳмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба соҳибкорон мусоидат намуда, он барои бартараф намудани мушкилиҳо дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, азнавсозӣ ва аз нав таъсис додани фаъолияти соҳибкории аз бӯҳрони иқтисодӣ зарардида, баланд бардоштани сифати фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчунин осон намудани раванди оғози фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорону сармоягузорон ва моликияти онҳо, рушди муносибатҳои соҳибкории байнисарҳадӣ ва ғайра дар мамлакат равона гардидааст.                  Мавриди зикр аст, ки ислоҳот бештар ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкунанда таъсир расонда, кишварҳои ислоҳотгар асосан дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ фаъол будаанд. Соли равон ба зумраи 10 ислиҳотгари беҳтарин 4 ислоҳотгари нав, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ворид гардиданд.

Сентябрь 11, 2009 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд