ТОҶИКИСТОН – ИСЛОҲОТИ МУВАФФАҚ ДАР САМТИ СОҲИБКОРӢ
Душанбе, 11 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Мувофиқи ҳисоботи солонаи Бонки ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори 10 кишваре, ки дар самти беҳтар намудани фаъолияти соҳибкорӣ ислоҳоти ҷиддиро ба роҳ мондааст, шомил гардид. Дар ҳисобот омадааст, ки ислоҳоти бароҳмондаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паст кардани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ ба соҳибкорон мусоидат намуда, он барои бартараф намудани мушкилиҳо дар давраи бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ, азнавсозӣ ва аз нав таъсис додани фаъолияти соҳибкории аз бӯҳрони иқтисодӣ зарардида, баланд бардоштани сифати фаъолияти соҳибкорӣ, ҳамчунин осон намудани раванди оғози фаъолияти соҳибкорӣ, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорону сармоягузорон ва моликияти онҳо, рушди муносибатҳои соҳибкории байнисарҳадӣ ва ғайра дар мамлакат равона гардидааст. Мавриди зикр аст, ки ислоҳот бештар ба кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдкунанда таъсир расонда, кишварҳои ислоҳотгар асосан дар Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёна ва Африқои Шимолӣ фаъол будаанд. Соли равон ба зумраи 10 ислиҳотгари беҳтарин 4 ислоҳотгари нав, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб ворид гардиданд.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






