«ТОҶИККИНО» КОРХОНАҲОИ ФАРЪИИ ДАВЛАТӢ ТАЪСИС МЕДИҲАД

Сентябрь 23, 2009 15:56

                 Душанбе, 23 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Натиҷаҳои омӯзиши ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани розигӣ ба Корхонаи воҳиди давлатии кино ва видеои «Тоҷиккино»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси корхонаҳои фаръии давлатӣ» дар маҷлиси назоратӣ, ки 23 сентябр дар ҳузури муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова доир гардид, баррасӣ шуд.                  Зимни шарҳи масъалаи мазкур сармутахассиси шӯъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ Алиҷон Шоназаров гуфт, ки тибқи қарори мазкур бояд дар минтақаҳои ҷумҳурӣ дар заминаи собиқ кинотеатрҳо корхонаҳои фаръии давлатӣ ташкил карда шаванд. Алҳол дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар 25 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон танҳо 14 корхонаҳои фаръии давлатӣ барои намоиш додани кино ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ таъсис дода шудааст, ки он талаботи Қарори Ҳукумати ҷумҳуриро қонеъ гардонида наметавонад. Корхонаҳои мазкур ба таври худмаблағгузорӣ фаъолият намуда, бо дастгоҳҳои муосири техникӣ ва видеоӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Ҳадаф аз таъсиси чунин корхонаҳои давлатии фаръӣ баланд бардоштани маърифати ҷомеа дар маҳалҳост. Зикр шуд, тӯли солҳои охир бо сабабҳои объективӣ бархе аз кинотеатрҳо ва марказҳои фарҳангӣ фурӯхта шудааст. Аз ин рӯ, Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки нисбати ҳалли ин масъала тадбирҳои мушаххас андешанд.                 Дар маҷлиси назоратӣ ҳамчунин ҷараёни фаъолияти радиоҳои маҳаллӣ дар шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ баррасӣ гардид. Роҷеъ ба роҳ мондани фаъолияти шабакаҳои радиоҳои маҳаллӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти техникӣ муовини Сарвазири ҷумҳурӣ Руқия Қурбонова ба роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ, муовинони раисони шаҳру ноҳияҳои кишвар, ки дар маҷлис иштирок доштанд супоришҳои қатъӣ дод.

Сентябрь 23, 2009 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд