«ТОҶИКСТАНДАРТ»: ЛАМПАҲОИ ЛЮМИНЕСТСЕНТӢ БЕЗАРАРАНД

Сентябрь 14, 2009 09:53

                Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ба гуфти сардори Раёсати Агентии «Тоҷикстандарт» Ҷӯрабек Раҳимов лампаҳои люминестсентӣ аз лампаҳои рӯшноидиҳандаи диодӣ на танҳо бо шаклу намуд ва дараҷаи ҳарорат, балки бо доштани миқдори бӯғи симоби таркибашон низ фарқ мекунанд. Ба гуфти Ҷ. Раҳимов агар дар лампаҳои люминестсентӣ 30 – 40 милиграмм бӯғи симоб мавҷуд бошад, лампаҳои нави каммасраф ҳамагӣ 2-3 милиграмм пайвастагии симоб доранд. Ба тарзи дигар, симоби дар таркиби ҳароратсанҷ буда аз лампаҳои нав 1000 маротиба зиёд аст. Лампаҳои люминестсентӣ ҳамон вақт метавонанд зарарнок гарданд, ки баъди корношоямӣ ба партов табдил ёбанд. Дар асл онҳо хеле мустаҳкаманд ва дуру дароз хизмат карда метавонанд. Мӯҳлати кафолатноки давраи истифодаи онҳо 5 сол ва мӯҳлати хизматашон 10 сол мебошад.                Дар оянда ҳангоми ба таври оммавӣ ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузаштан масъалаи истифодаи партовҳои онҳо низ ҳал хоҳад шуд. 

Сентябрь 14, 2009 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид