УНВОНИ ФАХРӢ БА ТАЛБАК НАЗАРОВ

Сентябрь 2, 2009 10:55

              Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бо қарори Шӯрои илмии Донишкадаи молиявии ҷумҳурӣ ба Талбак Назаров унвони «Профессори ифтихорӣ» — и донишкадаи мазкур дода шуд. 31 август дар вазорати молияи ҷумҳурӣ мулоқоти Т.Назаров бо омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишкадаи молиявӣ баргузор гардид.                Дар мулоқот вазири молияи ҷумҳурӣ Сафаралӣ Наҷмиддинов, доктори илми иқтисод, профессор, академик Талбак Назаров, ректори Донишкадаи молиявии ҷумҳурӣ Каримҷон Ҳусейнов, ҳайати омӯзгорон, олимон ва донишҷӯён ширкат варзиданд.               Т.Назаров ба роҳбарияти донишкада барои қадрдонии хизматҳояш изҳори сипос намуда, ба донишҷӯён таҳсили аъло ва барори кор орзу намуд.                Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Талбак Назаров узви раёсати Академияи илмҳо, раиси Бунёди ҷумҳуриявии хайрияи Тоҷикистон буда, 12 сол ба Вазорати корҳои хориҷии мамлакат роҳбарӣ кардааст. Мавсуф дар замони ҳокимияти Шӯравӣ дар вазифаҳои декани факулта, ректори донишгоҳ, вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи давлатии барномасозӣ кор карда, вакили Шӯрои олии ИҶШС интихоб шудааст.

Сентябрь 2, 2009 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд