В.ВОРОНИН БА ИСТЕЪФО МЕРАВАД

Сентябрь 3, 2009 10:05

                Кишинёв, 3 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Лига. нет.). — Узви Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Молдавия, вакили парлумони мамлакат Вадим Мишин хабар дод, ки Президенти ҷумҳурӣ Владимир Воронин ҳафтаи оянда аз вазифаи сарвари давлат ихтиёран истеъфо хоҳад дод. Мувофиқи Қонуни асосии Молдавия баъди истеъфои президент ваколатҳои он ба зиммаи раиси парлумон Михай Гимпу гузошта мешаванд.                В.Мишин зикр кард, ки президенти мамлакат ҳамзамон вакили парлумон мебошад. Мувофиқи қонун дар ду вазифа кор кардани Сарвари давлат мумкин нест. Бинобар ин В.Воронин қарор дод, ки аз мансаби президент истеъфо дода, ҳамчун вакили парлумон боқӣ монад.                Бояд гуфт, ки мӯҳлати ваколати В.Воронин дар вазифаи президент 7 апрел ба охир расид.                 Парлумони мамлакат баъди истеъфои президент бояд дар давоми ду моҳ интихоботи нави президентро баргузор созад. Ба ҳизби коммунист барои пешбарии номзади нави президент ва ташкили Ҳукумати ҷумҳурӣ дар парлумон 61 овоз лозим аст. Ҳол он, ки коммунистон дар интихоботи моҳи апрел баргузоргардидаи парлумон соҳиби 60 ҷой гардиданд. Барои ба вазифаи президент пешбарӣ кардани номзад аз ҳизби коммунист боз як овози дигар лозим аст. Ҳизбҳои мухолиф аз ин вазъият истифода бурда, муттаҳид гардиданд. Онҳо имкон доранд, ки раиси нави парлумонро интихоб намуда, Ҳукумати мамлакатро ташкил диҳанд.

Сентябрь 3, 2009 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд