В.ЗАХВАТОВ: «РОҲБАРИЯТИ ТОҶИКИСТОН РОҲИ ДЕКАБРИСТҲОРО ПЕШ ГИРИФТААСТ»
Душанбе, 12 сентябр. (АМИТ «Ховар» — Азия Плюс). – Вай ватани худро тақрибан 20 сол пеш тарк карда буд. Падараш солҳои 30 – уми асри гузашта шаҳри навбунёди Душанберо обод карда, дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми калон гузошта буд. Қаҳрамони ҳикояи мо низ қарор додааст, имрӯз дар пешрафти соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми худро гузорад. Мухбири мо бо журналисти маъруфи тоҷик, сармуҳаррири собиқи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана», айни ҳол мухбири махсуси рӯзномаи «La Pensee Russe» (Русская мысль) дар Русия ва ИДМ Владимир Захватов ҳамсӯҳбат шуд. «Одамон дар бораи Президенти Шумо ақидаҳои гуногун доранд» — Владимир, Шумо тақрибан 20 сол дар Тоҷикистон набудед. Дар ин муддат сохти давлатӣ ва ҳатто насли одамон тағйир ёфт. Лутфан, бигӯед, ки баъди ба Тоҷикистон омадан дар бораи вазъияти мамлакат ва рӯҳияи одамон чӣ гуна таассурот ҳосил кардед? — Медонед, ман чунин тасаввур мекунам, ки ба дунёи дигар афтодаам. Танҳо ҳаминаш мусаллам аст, ки Душанбе ободтару зеботар гардидааст. Ҳаминаш муҳим аст, ки мамлакат чанд сол пеш ҷанги мудҳиши дохилиро аз сар гузаронида буд, вале дар муддати кӯтоҳ онро дигаргуниҳои бузург фаро гирифтаанд. Ман дар сокинони Тоҷикистон хусусиятҳои фаъолияти амалӣ, кордонӣ, субот ва устувории ақидаро мушоҳида намудам, ин дар замони Шӯравӣ ҳам ба сокинони Тоҷикистон хос буд. Ин хусусият айни ҳол хеле қавитар гардидааст. Оё медонед, ки инқилобчиёни соли 1917 аз декабристҳо чӣ фарқ доштанд? Онҳое, ки соли 17 – ум инқилоб карда буданд, барои он мубориза мебурданд, ки синфҳои доро барҳам дода шаванд, вале декабристҳо кӯшиш мекарданд, ки дар мамлакат камбағалӣ набошад. Ман ҳам чунин гумон дорам, ки роҳбарияти Тоҷикистон роҳи ҳамон декабристҳоро пеш гирифтааст. Ва ин роҳи ягона ва дуруст мебошад. Мардуми тоҷик чунин зарбулмасал дорад, ки агар чигунагии вазъияти мамлакат ё шаҳрро донистан хоҳӣ, ба бозор рав. Ман ҳам дар бозорҳои пойтахт, Қӯрғонтеппа, Данғара, Ваҳдат ва Истаравшан будам, бо садҳо одамон ҳамсӯҳбат шуда, қариб тамоми Тоҷикистонро тай кардам. Маро сохтмони доманадори роҳҳо ба ҳайрат овард. Ин Президенти ИМА Рузвелтро ба хотири ман меорад, ки дар айни ҷӯшу хурӯши давраи таназзули бузург сохтмони роҳҳои магистралии мошингардро пеш гирифта буд. Ба вай ҳамон вақт муяссар шуд, ки мамлакаташро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Имрӯз дар Тоҷикистон садҳо километр роҳҳои ҳамвору ободи мошингард сохта шудаанд. Дар ағбаҳои Шаршар, Анзоб ва Шаҳристон туннелҳо сохта мешаванд. Ин роҳҳо солҳои наздик ба равнақу ривоҷи босуръати иқтисодиёт кӯмаки калон расонда, ба ҷалби бештари сармоя мусоидат хоҳанд кард. Ман дар ин бора на танҳо ҳамчун журналист, балки ҳамчун мутахассисе сухан меронам, ки дипломи иқтисодчӣ дошта, дар ИМА, Олмон ва Ҷопон таҳсил карда ва таҷриба омӯхта, дар ин соҳа соҳиби патентҳо гашта ва ҳатто чандин барномаҳоро амалӣ сохтааст. — Шумо кадом роҳҳоро дар назар доред? То ҷое, ки ман медонам, айни ҳол мо танҳо як роҳи хуб дорем, аниқтараш ин 50 километри аввали роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ мебошад. Росташро гӯям, бар хилофи ақидаи Шумо, маро авҷи ҳараҷу мараҷ дар масъалаи сохтмону истифодаи роҳҳо ба ҳайрат меандозад. — Фикри Шумо дуруст аст, то анҷом ёфтани сохтмони роҳ дар он пастию баландиҳо боқӣ мемонанд. Масалан, роҳи мошингарди Душанбе – Обигарм, як қисми роҳи мошингард дар соҳили дарёи Зарафшон то туннели Шаҳристон ва баъди ағбаи Шаҳристон то шаҳри Хуҷанд хеле ҳамвор ва қирпӯш карда шудааст. Имрӯз роҳи мошингарди дараи Варзоб то деҳаи Зиддӣ ва туннели Шаршар кушода шудаанд. — Шумо бисёр чизҳоро дида, ҳамчун журналист ва ҳамчун шахсе, ки дар Тоҷикистон таваллуд шуда, дар ҳамин ҷо ба камол расидааст, хулоса мебароред? — Оё медонед, ки ман ҳам он нафаре нестам, ки як вақтҳо дар Тоҷикистон кор мекард. Дар давоми 20 соли охир бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро дидам, дар натиҷа ҷаҳони ботинии ман тағйир ёфт. Орзуҳои ман, ки ба давраи бозсозии Горбачёв вобаста буданд, барбод рафтанд, дар вақташ ман ба Елсин эътимод доштам. Вале ин умедҳо низ ҷомаи амал напӯшиданд. Бояд гӯям, ки ман ҳоло дар Русия зиндагӣ мекунам. Бояд қайд кард, ки дар Русия ҷанги дохилӣ набуд, вале халқи он дар натиҷаи ислоҳоти «Гайдар ва тарафдоронаш» фоҷиаи бузурги иқтисодиро аз сар гузаронд. Бовар кунед, имрӯз ҳам агар аз Маскав 300 — 500 километр дуртар равед, деҳаҳои беодам, маҳалҳои маскунии валангор ва одамони майзадаю аз фардои зиндагӣ умедкандаро дидан мумкин аст. Маълум аст, ки худи Президенти Русия Елсин майзада буд ва дар ҳолати сархушӣ бо дастаи овозхонони олмонӣ ҳамовоз гардида, соҳаҳои саноат ва мудофиаро тақрибан барҳам дода, сарвати миллии мамлакатро ба чор тараф фурӯхт. Хушбахтии мардуми Русия дар ҳамин аст, ки баъди Елсин Владимир Путин барин сиёсатмадори муқтадир ба сари ҳокимият омад. Мамлакат имрӯз аз вартаи нобудӣ наҷот ёфта, соҳаҳои асосии иқтисодиёти худро муттасил тараққӣ медиҳад. Ба ақидаи ман, бахти Тоҷикистон дар масъалаи Президент хеле омад кардааст. Ман дар назди онҳое сари таъзим фуруд меорам, ки ба ҷанги бародаркушӣ хотима дода тавонистанд. Дар омади гап гуфтаниам, ки амаки ман, ронандаи муқаррарии мошин, ки дар Хатлон зиндагӣ мекард ва писари амакам, ки дар Душанбе мутахассиси барқ шуда кор мекард, қурбони ҳамин ҷанг гардиданд. Зимни сӯҳбатҳо бо одамон маълум шуд, ки онҳо дар бораи Президенти ҷумҳурӣ ақидаҳои гуногун доранд. Ин бори дигар исбот мекунад, ки дар Тоҷикистон демократия вуҷуд дорад ва торафт бештар густариш меёбад. Вале вақтҳои охир ман одат кардаам, ки ба воқеаҳо ва одамон аз нуқтаи назари таърихӣ баҳо диҳам. Росташро гӯям, дар Тоҷикистон бисёр одамон ба корҳое, ки Эмомалӣ Раҳмон барои мамлакат кардааст ва мекунад, то ҳол сарфаҳм нарафтаанд. Ба ҷидду ҷаҳд ва заҳмати Президент, инчунин мишмишу ғайбати одамон мувофиқи зарбулмасали қадимаи тоҷикӣ баҳо додан мумкин аст. Як одами некӯкору хайрхоҳ ба ҳамсояи камбағалу бенавояш раҳм карда, ба ӯ як гӯсфанд тӯҳфа кардааст. Ҳамсояи камбағал гӯсфандро аз гарданаш дошта, кашола карда, ба хонааш бурда, дар роҳ ба одамон шикоят кардааст, ки «Ношукриш, гӯсфанда доду ресмонаша надод». Вале хушбахтона, аксарияти одамон дар Тоҷикистон дар ин масъала андешаи мусбат доранд. Ман боварӣ ҳосил кардам, ки Президент мушовирон ва ҷонибдорони донишманду дурандеш дорад, намояндагони ӯ дар маҳалҳо одамони кордон мебошанд. Ман дар ин масъала шахсан, вақте, ки хамроҳи тоҷири москвагӣ Родион Газманов бо роҳбарону мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, раёсатҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо ва роҳбарони ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳамсӯҳбат гардидам, боварии комил ҳосил намудам. Онҳо ба моҳияти проблема ба хубӣ сарфаҳм мераванд ва кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар роҳу восита натиҷаи мусбат ба даст оваранд. Дар ин бобат ҳатто бисёр мансабдорони Русия бо онҳо баробар шуда наметавонанд. Боз дар ҳамин хусус сухан ронданиам, ки вақт ва замона қаҳрамонони худро ба миён меоранд. Ман дар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон бо як соҳибкор мулоқот кардам, вай танҳо бо ташаббуси худ, бе истифодаи сармояи давлат ё қарзи хориҷӣ аз сойи дурдаст ба воситаи қубурҳо об оварда, масоҳати калони замини солҳо бекорхобидаро обшор ва қобили кишт гардондааст. Ӯ бо заҳмати худ бештар аз 300 гектар заминро ба боғи бузург табдил дода, дар он дарахтҳои мевадиҳанда, дуб ва санавбар парвариш мекунад. Ӯ акнун ба парвариши ғалла ва пахта шурӯъ кардааст. — Владимир, росташро гӯям, муносибати Шумо бо роҳбарони мамлакатамон маро ба ҳайрат меорад. Шумо журналист мебошед, бинобар ин бояд эҳтиёткорона сухан ронда, ба воқеаҳо ва одамон бояд баҳои ҳаққонӣ диҳед. Оё Шумо медонед, ки бештар аз 60 фоизи мардуми Тоҷикистон дар ҳолати қашшоқию бенавоӣ зиндагӣ мекунанд. Ин ҳам аз рӯи маълумоти расмӣ мебошад ва оё медонед, ки қариб ҳамаи мардони қобили меҳнати мамлакат солҳои тӯлонӣ ба мардикорӣ мераванд. Ҳатто Президенти мо иқрор мешавад, ки мушовирон ва маслиҳатчиёни соҳаи иқтисодии он ба талаботи имрӯза ҷавоб дода наметавонанд. Онҳоро ҳатто «командаи Президент» номидан душвор аст. — Таъкид мекунам, ки ҳамаи ин мушоҳида ва хулосаҳои шахсии ман мебошанд. Шумо зикр кардед, ки аз рӯи маълумоти омор, бештар аз 60 фоизи аҳолӣ қашшоқона зиндагӣ мекунад. Ман ин ҷо чунин ибораро ба хотир меорам: «Дар ҳар мамлакат дурӯғи муқаррарӣ, дурӯғи калон ва маълумоти омор вуҷуд дорад». Ман зимни сафар ба Тоҷикистон мушоҳида кардам, ки дар маҳалҳои гуногун ҳазорон хонаҳои нав сохта мешаванд. Ман аз нархи хонаҳои баландошёна ва замин ба хубӣ огоҳам. Ҳаминашро ҳам медонам, ки ин хонаҳоро одамон мехаранд. Ман боз мушоҳида кардам, ки дар Тоҷикистон «тиҷорати хурд» босуръат тараққӣ мекунад. Ин ҳам аз бисёр ҷиҳат ба манфиати кор мебошад. Дуруст аст, ки мушоҳидаҳои ман, шояд сатҳӣ бошанд. Вале ҳаминаш мусаллам аст, ки хати асосии пешрафти иқтисодиёт муайян карда шудааст. Акнун бо ин роҳ пеш рафтан лозим аст. — Акнун дар бораи тиҷорати муштаракатон бо Родион Газманов чанд сухан гӯед. — Мо дар давраи аввал мехоҳем ба хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон намунаҳои моддаи химиявии навтарини сохти Амрикоро диҳем, ки ҷараёни нашъу нумӯи растаниҳоро метезонад. Мо мехоҳем, ки деҳқонони тоҷик ин моддаи химиявиро аллакай ҳамин тирамоҳ зимни кишти тирамоҳии гандум истифода баранд. Бояд гуфт, ки истифодаи он технологияи парвариши зироатро ба ҳеҷ ваҷҳ тағйир намедиҳад. Моддаи химиявӣ дар чандин хоҷагиҳо озмуда мешавад. Мо амалан боварӣ дорем, ки истифодаи он натиҷаи мусбат хоҳад дод, зеро онро чандин сол боз деҳқонони ИМА, мамлакатҳои Аврупо, Исроил, Молдавия, Белорусия ва Русия истифода мебаранд. Дар натиҷаи истифодаи он ҳосилнокии зироат то 15 – 20 фоиз зиёд мегардад. Дар Белорусия бо истифодаи моддаи химиявии пешниҳоднамудаи мо ҳосили картошкаро қариб 40 фоиз зиёд карданд. Мо қаноатмандем, ки роҳбарият ва мутахассисони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва мутахассисони маҳаллӣ пешниҳоди моро қабул карда, розӣ шуданд, ки бо мо ҳамкорӣ кунанд. Дар оянда, баъди дар амал исбот гардидани фоидаи моддаи химиявӣ масъалаи фурӯши он ба миён меояд. Ҳаминро бояд гуфт, ки арзиши ин моддаи химиявӣ ва меъёри истифодаи он хеле арзон ва ночиз буда, дар муддати кӯтоҳ чандин баробар зиёд фоида хоҳад дод. Боварӣ дорам, ки онро сокинони маҳаллӣ дар заминҳои наздиҳавлигии худ истифода бурда, ҳосили фаровон ба даст оварда метавонанд. Мо паймон кардем, ки фасли баҳори соли оянда миқдори зарурии моддаи химиявиро ба хоҷагии ба номи Карим Исмоилови ноҳияи Ваҳдат медиҳем. Дар ин ҷо онро барои парвариши 300 – 400 гектар пахтазор истифода мебаранд. Хоҷагӣ баъди фурӯши пахта пули моддаи химиявиро мепардозад. Ин моддаи химиявиро олимони Русия ихтироъ карданд, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ба Амрико рафта буданд. Ман айни ҳол мушовири Ҷамъияти саҳҳомии «Доминант» буда, масъулияти фурӯши моддаи химиявиро дар Тоҷикистон ба зимма гирифтаам. Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии мазкур Р.Газманов мебошад. — Дар Тоҷикистон ба тиҷорат ва соҳибкорӣ машғул шудан осон нест. Бисёр сармоягузорони Русия ва мамлакатҳои дигар аз авҷ гирифтани ришвахӯрӣ дар Тоҷикистон шикоят мекунанд. Зеро мансабдорони мо аз онҳо маблағи калони ришва талаб мекунанд. Оё Шумо бо чунин одамон рӯ ба рӯ нашудаед? — Боварӣ надорам, ки сатҳи ришвахӯрӣ дар Тоҷикистон аз Русия баландтар бошад. Вале ман бо чунин одамон рӯ ба рӯ гардам ҳам, ин барои мақолаҳои ояндаи ман далели хуб хоҳад гашт. Мо низ барои ба коре даст задан, пеш аз ҳама маълумоти зарурӣ ба даст меорем. Чӣ тавре ки зикр кардам, мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ба ҳамкории мо таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд. Ман зимни мулоқоту сӯҳбатҳоям ягон зуҳуроти манфиро ҳис накардам. Аз ҷониби дигар, ҳаминро мушоҳида кардам, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ кас бевосита ва мустақиман бо корхонаҳои Русия ҳамкорӣ кардан намехоҳад. Ҳаминро мисол меорам, ки чандин бор аз назди «Гӯшаи Русия» дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия гузаштам. Вале дари он ҳамеша баста буд. Ба он сарфаҳм намеравам, ки чаро одамон бо Русия бевосита ҳамкорӣ кардан намехоҳанд. — Муносибатҳои мо танҳо дар сатҳи тадбирҳои фарҳангӣ маҳдуд мегарданд. — Фарҳанг чизи хуб аст, аммо онро ба киса андохтан мумкин нест. Бинобар ин, ба андешаи ман мо агар корхонаҳои муштарак ташкил намоем ва бо ин роҳ тиҷорати хурду миёнаро ба роҳ андозем, фоидаи калон ба даст овардан мумкин аст. — Ба Шумо барори кор мехоҳам, вале ба муваффақияти нақшаҳоятон шубҳа дорам, зеро медонам, ки тоҷирону соҳибкорони Русия ва мамлакатҳои дигар ба Тоҷикистон омада, ин ё он корхонаро сохта ва баъд гурехта рафтанд. — Мо пеш аз гузоштани маблағ барои пешрафти тиҷоратамон дар Тоҷикистон ҳамаи ҷиҳатҳои мусбату манфии онро ба эътибор мегирем. Ҳаминро бояд таъкид кард, ки мо танҳо ба хариду фурӯш машғул шуданӣ нестем. Мо бояд андеша кунем, ки барои пешрафти соҳаи кишоварзӣ чӣ гуна кӯмак расонем. Дар Тоҷикистон ба қадри одамоне мерасанд, ки бинои таърихро бо дастони худ бунёд кардаанд. — Биёед сиёсатро ба як сӯ гузорем. Оё Шумо медонед, ки дар шаҳри Ваҳдат номи падари Шумо Василий Захватов ба яке аз кӯчаҳо гузошта шудааст? — Бале, ман инро хеле барвақт медонистам, вале зимни сафар аз ин кӯча гузар карда, бо сокинони он ҳамсӯҳбат шудам. Падари ман коммунисти ҳақиқӣ буд ва Тоҷикистонро дӯст медошт. Оилаи мо ҳанӯз солҳои 30 – ум ба Тоҷикистон омада буд, падарам ҳамон вақт дар мактаби тоҷикӣ таҳсил кардааст. Зеро он солҳо дар Тоҷикистон мактаби русӣ набуд. Падарам синфи даҳумро хатм накарда, ба ҷанг рафт. Ӯ дар муҳорибаи Курск иштирок карда, фашистонро то Олмон пеш кардааст. Падарам ба ҳеҷ кас нақл намекард, ки дар муҳорибаи назди Белгород сахт маҷрӯҳ гардида, қариб як сол дар шифохонаҳои ҳарбӣ табобат гирифта, баъд дубора ба фронт рафтааст. Ӯ ҳеҷ гоҳ бо роҳи ҷамъ кардани сарват нарафтааст ва ягон боигарӣ ҳам надошт. Боигарии асосии падарам ордени тиллоии Ленин мебошад, ки ҳоло ман онро маҳфуз медорам. Сарвати асосие, ки падарам ба фарзандонаш мерос гузошт, саломатӣ, маълумоти олӣ, намунаи ибрати меҳнатдӯстӣ ва истеъдоди ҳимоя намудани мавқеи худ мебошад. Падарам дар ноҳияи Ваҳдат садҳо биноҳо, аз ҷумла, мактабу шифохонаҳо бунёд карда, дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳазорон бех дарахт шинонидааст. Ман ба ҳайрат афтодаам, ки дар Тоҷикистон то ҳол бисёр одамон падари маро дар хотир доранд ва ӯро эҳтиром мекунанд. Аз ҷумла, дар Данғара меҳмони яке аз дӯстони падарам, дорандаи ду дараҷаи ордени «Шараф» ва мукофоту ҷоизаҳои дигар, директори собиқи хоҷагии ҷангали Данғара Ғаюр Сафаров гардидам. Мо бо ӯ дар бисёр мавзӯъҳо сӯҳбат кардем. Хеле шодам, ки дар Тоҷикистон ба қадри меҳнати одамоне мерасанд, ки таърихи мамлакатро бо дастони худ бунёд кардаанд. — Шумо ҳам ҳамчун муҳаррири собиқи рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» ва муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон дар таърихи мамлакати мо саҳми калон доред. — Ҳамон вақт дар ҷумҳурӣ соҳаи журналистика ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ хеле пеш рафта буд. Ман зимни фаъолиятаам дар вазифаи муҳаррири рӯзнома 20 сол пеш ният доштам, ки мактаби эҷодии Отахон Латифӣ, Борис Пшеничний, Нур Табаров ва дигар журналистони варзидаро таъсис диҳам. Ташкили чунин мактаб имрӯз ҳам аҳамияти калон дорад. Зеро журналистони ҷавон бояд таҷрибаю маҳорати журналистони пуртаҷрибаро омӯзанд. Роҳбарони ҳамонвақта журналистон ва матбуотро ҳурмат мекарданд ва мақолаҳои танқидӣ ҳамеша мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор мегирифтанд. Журналистон солҳои охирини ҳокимияти шӯравӣ то андозае озод ва мустақил гардида буданд, ба онҳо кор кардан осон буд. — Оё Шумо баъди ба Тоҷикистон омадан имкон доштед, ки бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ ҳамсӯҳбат шавед. — Аз ман хоҳиш карданд, ки дар намояндагии Пажӯҳишгоҳи ҷанг ва сулҳ дар шаҳри Душанбе маҳфил ташкил намоям. Сӯҳбати мо дар ин ҷо бо журналистон бештар аз се соат давом кард. Ғайр аз ин ман матбуоти тоҷикро ҳамеша ва бо диққат мутолиа мекунам. Мутассифона, бояд иқрор шуд, ки дар мақолаҳои журналистони тоҷик воқеаю ҳодисаҳо сатҳӣ таҳлил карда мешаванд. Устодони мо таълим медоданд, ки бештар ба ботини воқеаҳо таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Ана ҳамин чиз дар матбуоти имрӯзаи Тоҷикистон вуҷуд надорад. — Журналисти маъруф Додоҷон Атовуллоев зимни кори Шумо дар рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» ба фаъолият сар карда буд. Оё вай воқеаҳоро воқеъбинона таҳлил карда метавонист? — Бале, Додоҷон солҳои роҳбарии ман ба рӯзнома ба фаъолияти журналистӣ шурӯъ карда буд, ӯ корро дар давраи бозсозӣ оғоз кард, вале ҳамон вақт дар фаъолияти вай тамоили худпарастию худхоҳӣ мушоҳида карда мешуд. Додоҷон худро аз дигарон болотару донишмандтар меҳисобид. Вай ҳам ба забони русӣ ва ҳам ба забони тоҷикӣ мақола менавишт. Росташро гӯям устувории ақидаи Додоҷон ба мо маъқул буд. Вале вақте, ки як нафар худро нисбат ба дигарон болотар мегузорад ва дар он ҳиссиёти бузургманишӣ пайдо мешавад, ин натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Дар масъалаи Додоҷон, ҳамин тавр ҳам шуд. Ман фаъолияти Додоҷонро дар робита бо нашрияи «Чароғи рӯз» мушоҳида кардаам ва мақолаҳои онро хондаам. Ҳаминро гуфтан лозим аст, ки танқид ҳамеша ва дар ҳама ҷо бояд мантиқӣ ва воқеӣ бошад. Вақте ки касе ё чизеро танқид мекунӣ, роҳи бартараф намудани камбудиҳоро низ нишон деҳ. Вале бо чӯб ҳар ҷои ростомадаро кофта, овозаҳои беасосро дастак карда, ё ҳар гуна камбудиҳои ночизро муҳобот кардан кори журналисти ҳақиқӣ нест. Чанд сол пеш ман дар ресторани назди тарабхонаи «Шангри Ла» хӯроки шом хӯрдам, ки ба он камаш бе ҳазор доллар даромадан мумкин нест. Ва чӣ мегӯед, ки дар ҳамин ҷо бо мухолифи камбағалу бечораи Ҳукумати Тоҷикистон Додоҷон рӯ ба рӯ гардидам. Вай зимни сӯҳбат шикоят кард, ки барои чопи нашрияи худ пул надорад. Ман аз ин рафтори ӯ ба ҳайрат афтода шӯхӣ кардам: «О, ман медонам, ки ту нашрияи худро бо пули РМР ва мақомоти разведкаи Олмону Британияи Кабир чоп мекунӣ». Онҳо айни ҳол барои чопи рӯзнома ба ман пул намедиҳанд, гуфт Додоҷон соддалавҳона. Немисҳо чунин мешуморанд, ки халқу мамлакати худро танҳо барои бад дидани Президент танқид ва таҳқир кардан хуб нест. Агар зиндагӣ дар як мамлакат ба ту маъқул набошад, ба ҷое рав, ки шароити зиндагии хуб дошта бошад. Вале солҳо дар Олмон зиндагӣ карда, худро муҳаққиқи сиёсӣ номида, Тоҷикистонро бадном кардан ба шаъни журналист намезебад. — Лутфан бигӯед, ки зимни парвоз аз Душанбе ба Маскав дар кадом хусус андеша хоҳед кард? — Ман инро ба Шумо ба забони тоҷикӣ мегӯям ва онро баъдан ба забони русӣ тарҷума кунед: «Қариб 20 сол гузашт аз он вақте, ки оилаи мо аз Тоҷикистон кӯч баст. Лекин ман то охири умр фарзанди Тоҷикистон ва писари ватанам мебошам. Пирсолон мегӯянд, ки «То реша дар об аст, умеди самар аст». Решаи ман аз оби дарёҳои Тоҷикистон ғизо мегирад. Дили ман дар кӯҳои сарбаланди Тоҷикистон боқӣ мондааст». Маълумотнома дар бораи В.Захватов: Владимир Захватов соли 1955 дар Ӯротеппа (Истаравшан) таваллуд шудааст. Ӯ факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, баъдан соҳиби дипломи иқтисодчии Академияи хоҷагии халқи ИҶШС гардидааст. Дар давоми солҳои 1986 – 88 муҳаррири рӯзномаи «Комсомолец Таджикистана» буд. Аз соли 1988 то соли 1989 дар вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1989 – 90 мухбири махсуси рӯзномаи «Труд» дар Тоҷикистон буд. Аз соли 1990 то соли 1995 муовини сармуҳаррири рӯзномаи умумииттифоқии «Рабочая трибуна» шуда кор кардааст. Аз соли 1995 дар Русия дар намояндагиҳои Созмони байналхалқии муҳоҷират ва СММ дар масъалаи муҳайё сохтани ҷойҳои кор барои муҳоҷирон ва гурезаҳо кор кардааст. Айни ҳол мухбири махсуси нашрияи «La Pensee Russe» (Русская мысль) – и Фаронса дар Русия ва мамлакатҳои ИДМ мебошад. (Тарҷумаи АМИТ «Ховар») Тарҷумон – Қудратов А.