«ВИМПЕЛКОМ» АЗ БОНКИ АМОНАТГУЗОРИИ РУСИЯ ҚАРЗ ГИРИФТ

Сентябрь 5, 2009 12:02

               Душанбе, 5 сентябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» аз Бонки амонатгузории Федератсияи Русия барои пардохти қарзҳои пештара ва вусъат додани муносибатҳои тиҷоратӣ ба маблағи 10 миллиард рубл қарз гирифт. Фоидаи солонаи қарз 15 фоизи онро ташкил медиҳад ва бояд дар ду давра пурра баргардонда шавад.               Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ба ҳайати ширкати «Вимпелком» корхонаю ширкатҳои алоқаи телефонии мобилӣ ва Интернет дохил мешаванд. Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» дар Русия, Қазоқистон, Украина, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Гурҷистон, Арманистон, Ветнам ва Камбоҷа филиалҳои худро дорад. Филиалҳои ҷамъияти саҳҳомӣ таҳти унвони «Билайн» фаъолият мекунанд.              Ҷамъияти саҳҳомии «Вимпелком» нахустин ширкати Русия мебошад, ки ба узвияти биржаи фондҳои Ню — Йорк қабул гардидааст.

Сентябрь 5, 2009 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад