ВОРИДОТИ ЛАМПАҲОИ ТАФСОН ҚАТЪ МЕГАРДАД
Душанбе, 4 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти кишвар сурат гирифт, дар бораи манъи лампаҳои тафсон аз 1 –уми октябри соли ҷорӣ қарор қабул гардид. Мақсад аз қабули чунин қарор, самаранок истифода кардани нерӯи барқ дар саросари ҷумҳурӣ тавассути лампаҳои каммасраф мебошад. Бояд тазаккур дод, ки то 1 –уми октябр марҳилаи гузаштан ба лампаҳои каммасраф пурра ба анҷом мерасад. Аз ин рӯ, ҳамаи вазорату идора, муассисаву корхона ва ҳар як оила бояд то анҷоми мӯҳлати пешбинишуда ба истифодаи лампаҳои каммасраф гузарад.