ЯРМАРКАҲО БЕКОРИРО КАМ НАКАРД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Шукурҷон Зуҳуров, иштироки шаҳрвандони корҷӯ дар ярмаркаҳо бо сабаби пешниҳод шудани маоши кам аз ҷониби корфармоён кам гардид. Ба гуфти ҳамин манбаъ, бо кор таъмин намудани табақаи бекори аҳолии кишвар то моҳи апрели соли ҷорӣ нисбат ба 9 моҳа беҳтар буд, зеро баъди паст шудани қурби асъори миллӣ ва авҷи бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ, барои бо маоши хуб таъмин кардани шахсони корҷӯ аз ҷониби корфармоён хеле кам шуд. Дар ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор, ки дар се моҳи охир дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон баргузор гардид, бо сабаби пешниҳоди маоши паст аз ҷониби корфармо иштироки корҷӯён хеле коҳиш ёфт. Дар ярмаркаҳо ҳамагӣ 30 – 35 нафар корҷӯён иштирок варзида ҳамагӣ 5 – 6 нафар ба ҷои кор таъмин мешуд. Аз рӯи ҳисоби омории вазорати мазкур ҳоло дар кишвар 4,5 миллион нафар неърӯи корӣ ба қайд гирифта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






