ЯРМАРКАИ «ТОҶИКМАТЛУБОТ»
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- 5 –уми сентябри соли ҷорӣ бо ташаббуси «Тоҷикматлубот»- и кишвар дар Қарияи Боло ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти корхонаҳои қаннодии ташкилоти мазкур доир гардид, ки он тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе қабул гардидааст. Дар ярмарка маҳсулоти бозори марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, «ҷамъияти матлуботи ноҳияи Турсунзода, бозори маркази ноҳияи Рашт, бозори шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Шахринав, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Қубодиён, Бозори маркази ноҳияи Ҳисор, ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ёвон, ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶДММ «Заркамар» ва корхонаи «Баракат»- и ноҳияи Ҳисор ширкат варзиданд. Чунон ки маълум шуд, доираи фарогирии ярмарка хеле калон ба назар менамуд, аммо сифати маҳсулот ба талаботи харидор мувофиқ набуд. Вакте аз фурӯшандагони ярмака аз бесифатии маҳсулоташон савол кардем онҳо дар ҷавоб иброз намуданд, ки мо ин маҳсулотро аз рӯи маҷбурӣ вориди бозор кардем, зеро агар мо маҳсулотамонро 20 – 30 фоиз арзон карда аз ноҳияҳои дури вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ворид кунем, хоҷагиамон қарздор мешавад. Мо дар ҷавоби онҳо гуфтем, ки охир ин маҳсулоти «Тоҷикматлубот» мебошад ва ярмаркаро ҳамин идора ташкил кардааст ва шумо ҳақ надоред худсарона нарх гузоред ва ё маҳсулоти камсифатро, ки ҳатто санади идораи санитарӣ — эпедимологиро ҳангоми фурӯш бо худ надоред ба бозор бароред. -Агар моро маҷбур намекарданд, мо ҳаминашро ҳам намеовардем, барои «Тоҷикматлубот» зарур бошад маҳсулотро аз сари замин харида гирад ва бо кадом нарх, ки мехоҳад савдо кунад,- гуфт оне, ки худро Акрам номид. Ва ҳамин чиз бароямон маълум шуд, ки «Тоҷикматлубот» аз ин ярмарка барои худ «галочка» мегирад, вагар на нархи маҳсулоти пастсифати овардаро дар дигар бозорҳо то 30 дирам арзон харидан мумкин буд.








Пагоҳ иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд






