10 НОМЗАД БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ

Октябрь 19, 2009 10:44

                Киев, 19 октябр. (АМИТ «Ховар» — top.rbk.ru). — Имрӯз дар Украина маъракаи пешбарии номзадҳо ба мансаби президентӣ оғоз ёфт, ки то 6 ноябри соли ҷорӣ идома меёбад.               10 нафар аз сиёсатшиносони шинохтаи кишвар, оид ба иштирокашон дар интихоби президентӣ изҳорот доданд. Аз миёни онҳо имкониятҳои роҳбари ҳизби оппозитсионии Украина Виктор Янукович зиёдтар мебошад. Мувофиқи пурсиши сотсиологӣ наздики 30 фоизи интихобкунандагон ба тарафдории Виктор Янукович, камтар аз 20 фоиз ба тарафдории сарвазир Юля Тимошенко омодаанд овоз диҳанд. Президенти феълии Украина Виктор Юшенко мувофиқи ин пурсиши сотсиологӣ, ҳамагӣ 3 фоизи овози интихобкунандагонро метавонад соҳиб шавад.                 Ба қайдгирии номзадҳо 13 ноябр анҷом меёбад ва 17 ноябр интихоботи президентӣ баргузор мегардад. Натиҷаҳои интихобот то 27 январ эълон шуда, дар рӯзномаҳои «Голос Украины» ва «Правительственный Курер» чоп хоҳанд шуд.                 Виктор Янукович умед дорад, ки дар даври аввали интихобот ғолибият ба даст орад. Аммо, мутахассисон пешгӯӣ мекунанд, ки ӯ аз нисф зиёди овозҳоро наметавонад соҳиб шавад. Бинобар ҳамин гузаронидани интихоботи такрорӣ ногузир аст. Иштирокчиёни интихоботи такрории президент шояд В.Янукович ва Ю.Тимошенко бошанд. 

Октябрь 19, 2009 10:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд