ҒАЛАБАИ НАМОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУСОБИҚАИ ҶАҲОНӢ
Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар» Фирдавс Табаров). – Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба таэкван-до варзишгари тоҷик Далер Сайфиддинов ба гирифтани медали тиллоии мусобиқа мушарраф шуд. Дар мусобиқаи ниҳоӣ барои гирифтани ҷойи аввал дар вазни 78 кг. намояндаи Тоҷикистон бо варзишгари дастаи яккачини Чех Ян Марек вохӯрда ӯро ба мағлубият дучор кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз федератсияи таэкван-до — и мамлакат хабар доданд. Дастаи яккачини Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таэкван-до дар арсаи байналхалқӣ яке аз дастаҳои пурқувват дониста мешавад ва дар ҷадвали ҷаҳонӣ баъд аз асосгузорони ин намуди варзиш – кореягиҳо ҷойи дуввумро ишғол мекунанд.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






