ҚАЛЛОБ ДАСТГИР ШУД
Душанбе, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Кормандони шӯъбаи дохилии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд шаҳрванди 39 сола Д.С. (барои рафти тафтишот, аз ошкор намудани номи гунаҳкор худдорӣ намуданд) дастгир карданд. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори дафтари матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ иттилоъ дод, ҷинояткор моҳи феврали соли 2008 бо роҳи фиреб ба боварии як гурӯҳ шаҳрвандон даромада, тақрибан 10 ҳазор сомониро бо роҳи қаллобӣ аз они худ намуда, ба эҳтиёҷи худ сарф намудааст. Нисбати ин қазия мутобиқи моддаи 274 қ.2 (қаллобӣ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






