ҚАРИБ 4 ҲАЗОР ШАҲРВАНД НОМ ИВАЗ КАРДАНД
Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар», Наргис Бойаҳмадова). – «Дар 9 моҳи соли 2009 аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ном ва номи падарӣ 3 ҳазору 795 нафар шаҳрвандон иваз карда шуд», гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёров. Ҳамзамон Вазири адлия зикр кард, ки дар ин давра 124 ҳазору 538 сабти таваллуд, 23 ҳазору 356 сабти вафот ва 65 ҳазору 723 сабти никоҳ ба қайд гирифта шудааст. Бахтиёр Худоёров афзуд, ки аз ҷониби Вазорати адлия ва раёсатҳои он дар вилоятҳо дар ин давра 270 созмони ҷамъиятӣ ва беш 7 ҳазор шартномаҳои гарав ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд. Инчунин, дар ин давра аз ҷониби мақомоти адлия ба буҷаи давлат беш аз 15 миллион сомонӣ боҷи давлатӣ ворид шуд, гуфт дар хотима Бахтиёр Худоёров.








Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд






