ҚАРЗДОР МИНБАЪД БАРҚ НАМЕГИРАД

Октябрь 6, 2009 13:57

                   Душанбе, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тибқи тасмими раиси ширкати «Барқи тоҷик» тамоми муштариён — аҳолӣ ва корхонаву муассисаҳое, ки то 1 октябр қарздоранд, аз барқ маҳрум карда мешаванд.                      Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари дафтари матбуот ШСХК «Барқи Тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ иттилоъ дод, барои иҷрои ин дастур дар тамоми муассисаҳои таъмингари барқ гурўҳҳои махсус ташкил карда шуда, онҳо дар якҷоягӣ бо мутахассисони ширкат рафти пардохти ҳаққи барқ ва таъминоти муштариёнро бо барқ месанҷанд.                     Бояд қайд кард, ки интиқоли барқ ба қарздорон на аз зеристгоҳҳои умумӣ, балки аз манбаъҳое, ки мушаххасан барқ мегиранд, қатъ карда мешаванд.                    Ин тадбир барои он амалӣ мегардад, ки дар давраи норасоии барқ кадом муштарие, ки пули барқро пардохт намудааст, бояд бо барқ таъмин бошад ва қарздорон аз истифодаи он маҳрум карда шаванд.                   Аз барқ маҳрум намудани қарздорон аз ҳамин рўз, 6 ноябри соли 2009 оғоз хоҳад ёфт.    

Октябрь 6, 2009 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявӣ муайян гардиданд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст