ҚИСМҲОИ ҲАРБИИ ХОРИҶӢ АЗ АФҒОНИСТОН БАРОВАРДА НАМЕШАВАНД

Октябрь 6, 2009 14:48

                 Кобул, 6 октябр. (АМИТ «Ховар», — afganistan.ru). – Вазири корҳои хориҷии Афғонистон Рангин Додфар Спанта зимни сӯҳбат бо хабарнигорон изҳор намуд, ки дар мавриди аз қаламрави мамлакат баровардани қисмҳои ҳарбии хориҷӣ Афғонистон дубора ба пойгоҳи низомии «Толибон» табдил ёфта метавонад.                   Ба қавли ӯ, Ҳукумати Афғонистон ба «Толибон» таслим нахоҳад шуд. Вале пирӯзӣ дар ин ҷанги нобаробар ҷидду ҷаҳди бештар ва маблағгузории зиёдро талаб менамояд.                  Вазир изҳори боварӣ намуд, ки барои ҳимояи мустақилонаи Афғонистон аз ҷангиёни мусаллаҳ камаш 260 ҳазор аскару афсар ва 140 ҳазор корманди политсия зарур аст. Вай мамлакатҳои ҷаҳонро даъват намуд, ки ваъдаҳояшонро дар бобати барқарор сохтани иқтисодиёти Афғонистон ва ташкили қувваҳои мусаллаҳи он иҷро намоянд.                   Айни ҳол аз Афғонистон баровардани қувваҳои ҳарбии хориҷӣ имконнопазир аст. Бо таассуф изҳор карда шуд, ки Покистони ҳамсоя мисли пештара ба ҷангиёни «Толибон» ҳамаҷониба кӯмак мерасонад. Мо исбот карда метавонем, ки дастаҳои силоҳбадастон аз Покистон ба Афғонистон меоянд, гуфт вазир. Вай Исломободро даъват кард, ки ҳамаи роҳбарони ҷунбиши «Толибон» — ро дар шаҳри Кветта дастгир намуда, ба мақомоти Афғонистон супорад. Қайд карда шуд, ки ҳамаи пойгоҳҳои низомии «Толибон» дар қаламрави Покистон ҷой дода шудаанд. 

Октябрь 6, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳифзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ муҳимтарин вазифа аст
Дар шаҳри Ҳисор оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ҷаласаи васеи назоратӣ баргузор шуд
Дар Душанбе 24 нуқтаи савдо дар маконҳои номуайян бартараф карда шуд
Соли 2026 дар Тоҷикистон ду неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
Тарофаҳою хизматрасониҳои мобилӣ чӣ гуна тавлид мешаванд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Пагоҳ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел дар назар аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Кормандони воҳидҳои сохтории Суғд аз тамошои Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардоштанд
Huawei насли нави дастгоҳҳои инноватсиониро муаррифӣ менамояд
«БОЗ NEW»: имконоти бештар барои истифодабарандагони хизматрасонии алоқа
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад