ҚУРБИ ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ ПАСТ МЕШАВАД

Октябрь 13, 2009 15:08

                 Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябр ҳангоми хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байни бонкӣ ва бахшҳои дохилии бонкҳо қурби доллари ИМА поён рафта, дар сатҳи 4,3887 – 4,4217 сомонӣ барои як доллари амрикоӣ қарор гирифт. Қурби рубли Русия ва евро нисбатан боло рафта, 6,4651 сомонӣ барои як евро ва 1,4686 сомонӣ барои 10 рубли Русия таъин карда шуд.                    Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 12 октябр қурби харид ва фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт. Аммо, мубодилаи асъор бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, барои 10 рубли русӣ 1,4720 сомонӣ ва барои як евро 6,4720 сомонӣ иваз карда мешавад. 

Октябрь 13, 2009 15:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд