ҚУРБИ ДОЛЛАРИ АМРИКОӢ ПАСТ МЕШАВАД
Душанбе, 13 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Мувофиқи маълумоти Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 октябр ҳангоми хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байни бонкӣ ва бахшҳои дохилии бонкҳо қурби доллари ИМА поён рафта, дар сатҳи 4,3887 – 4,4217 сомонӣ барои як доллари амрикоӣ қарор гирифт. Қурби рубли Русия ва евро нисбатан боло рафта, 6,4651 сомонӣ барои як евро ва 1,4686 сомонӣ барои 10 рубли Русия таъин карда шуд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Бонки миллии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, рӯзи 12 октябр қурби харид ва фурӯши доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе тағйир наёфт. Аммо, мубодилаи асъор бо рубли русӣ ва евро каме тағйир ёфта, барои 10 рубли русӣ 1,4720 сомонӣ ва барои як евро 6,4720 сомонӣ иваз карда мешавад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






