12 – УМИ ОКТЯБР РӮЗИ ОХИРИНИ ЭМКУНИИ МИЛЛӢ

Октябрь 9, 2009 10:18

                  Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори генералии Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунии Вазорати тандурустӣ Шамсиддин Ҷобиров, барои дар мӯҳлати аз 28 – уми сентябр то 12 – уми октябр гузаронидани рӯзҳои миллӣ эмкунӣ дар байни кӯдакон 5 ҳазор нафар эмкунандагон – ҳамшираҳои тиббӣ, фелдшерҳо ва духтурон корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд.                 Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 2 млн. 334 ҳазору 301 нафар кӯдакони аз 1 то 14 — сола ба эмкунӣ фаро гирифта мешаванд.                  Ба ҷумҳурӣ 2 млн. 623 ҳазор вояи ваксинаи сурхча ва 2 млн. 600 ҳазор сӯзандору ворид карда шудааст.                 Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, то 4 – уми октябри соли ҷорӣ 1 млн. 739 ҳазору 640 кӯдак ба эмкунӣ фаро гирифта шудааст, ки ин баробари 74,5 фоизи умумии эмшавандагонро дар бар мегирад. -12 –уми октябри соли ҷорӣ рӯзи охирини эмкунӣ мебошад.То ин рӯз бояд ҳамаи кӯдакон аз қайди эмкунӣ гузаранд ва дар ин маърака бояд падару модарон бетараф набошанд, — иброз дошт Ш.Ҷобиров ба мухбири АМИТ «Ховар».     

Октябрь 9, 2009 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад