12 – УМИ ОКТЯБР РӮЗИ ОХИРИНИ ЭМКУНИИ МИЛЛӢ
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори генералии Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунии Вазорати тандурустӣ Шамсиддин Ҷобиров, барои дар мӯҳлати аз 28 – уми сентябр то 12 – уми октябр гузаронидани рӯзҳои миллӣ эмкунӣ дар байни кӯдакон 5 ҳазор нафар эмкунандагон – ҳамшираҳои тиббӣ, фелдшерҳо ва духтурон корҳои омӯзишӣ гузаронида шуд. Ҳамагӣ дар ҷумҳурӣ 2 млн. 334 ҳазору 301 нафар кӯдакони аз 1 то 14 — сола ба эмкунӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ҷумҳурӣ 2 млн. 623 ҳазор вояи ваксинаи сурхча ва 2 млн. 600 ҳазор сӯзандору ворид карда шудааст. Бино ба маълумоти ҳамин манбаъ, то 4 – уми октябри соли ҷорӣ 1 млн. 739 ҳазору 640 кӯдак ба эмкунӣ фаро гирифта шудааст, ки ин баробари 74,5 фоизи умумии эмшавандагонро дар бар мегирад. -12 –уми октябри соли ҷорӣ рӯзи охирини эмкунӣ мебошад.То ин рӯз бояд ҳамаи кӯдакон аз қайди эмкунӣ гузаранд ва дар ин маърака бояд падару модарон бетараф набошанд, — иброз дошт Ш.Ҷобиров ба мухбири АМИТ «Ховар».








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






