ҲАҶМИ ХАРИДУ ФУРӮШИ МОЛУ МАҲСУЛОТ ЗИЁД МЕГАРДАД

Октябрь 14, 2009 14:45

                Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – «Дар давоми нӯҳ моҳи соли равон ҳаҷми хариду фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ 64,6 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 миллион сомонӣ зиёд аст», — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Сироҷиддин Валиев 14 октябри соли равон.                  Мавсуф оид ба натиҷаҳои фаъолияти хоҷагию молиявии кооператсияи матлубот дар нӯҳ моҳи соли равон ба рӯзноманигорон маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки дар ин давра дар соҳа 3321 тонна сабзавот, аз ҷумла, 3201 тонна пиёз, 1532 тонна картошка, 218 тонна меваи тару тоза, 466 тонна зироатҳои полезӣ ва 1042 тонна маҳсулот ғалладонагӣ захира карда шуд.                   Дар ин давра ба Русия, Қазоқистон, Хитой ва Афғонистон 3 ҳазору 433 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот карда шуда ба ҷумҳурӣ бошад ба маблағи 52 миллион сомонӣ молу маҳсулот ворид гардид.  

Октябрь 14, 2009 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд